Шояд аз шеваи тафриқа изтизҳор кунем?
ва ё чанд ҳарф перомуни моҷарои ҳизб ва динДушанбе, 2 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Тайи чанд моҳи охир перомуни маъракаи интихоботӣ байни коршиносону сиёсатмадорон дар рўзномаву сомонаҳои интернетӣ баҳсҳои доманадор сурат мегиранд. Роҳбарони ҳизбу созмонҳо, коршиносони шинохтаву ношинохта аз имконияти тамоми воситаҳои хабарӣ истифода менамоянд, то назари худро нисбати ин масъалаи «тақдирсоз» баён намоянд. Чаро не? Пўшида нест, ки барои аксарияти ҳизбу созмонҳои мо ба ҳукми анъана даромадааст, ки танҳо ҳангоми сар задани ягон ҳодисаи ногувор барои Тоҷикистон (мисли қазияи Рашту Бадахшон, ё боздошти халабонҳои Русия) ва ё қабл аз маъракаҳои интихоботӣ садо баланд кунанд ва аз худ дарак диҳанд. Вале, мояи ҳайрат ин аст, ки бештари ин баҳсҳо атрофи он сурат мегирад, ки гўё фаъолияти ҳизбу созмонҳои мазкурро Ҳукумат маҳдуд намудааст. Яъне барои фаъолияти густурдаи аҳзоби сиёсӣ дар кишвар имконияти зарурӣ мавҷуд нест ва аз ин лиҳоз пеш аз маъракаи интихобот як хомўшии том ҳукмфармост…То кадом андоза ин андешаҳо заминаи воқеӣ доранд? Аҳзоби сиёсиро намегузоранд фаъолият кунанд ва ё фаъолияти худи ин аҳзоб муассир нест? Биёед, сари ин масъала андеша мекунем. Доир ба чанд созмону ҳаракатҳои навбунёд, ки дар хориҷа таъсис ёфтаанд, чизе намегўям. Фаъолияти аксари эшон озмуни мўдро мемонад, ки ангезаи яклаҳзаина дорад, яъне ба саҳнаи сиёсат баромаданд, худро ба намоиш гузоштанд ва рафтанд. На ҷунбиши миллиашон чизеро ҷунбонду на гурўҳи 24-ашон 44 шуд… Фаъолияти ҳизбҳои «суннатии» мо бошад, баҳси дигар аст. Муваффақтарини онҳо дар маъракаҳои интихоботӣ тўли фаъолияти чандсолаи худ тавонистаанд, ки танҳо садди панҷфоизаро убур кунанд. Табиист, ки баъди ҳар маъракаи сиёсӣ аз ҷониби эшон эътирозҳое мисли «моро нагузоштанд», «интихобот шаффоф набуд» ва ғайраву ҳоказо садо медиҳад. Вале боре ҳам нашунидем, ки онҳо иқрор карда бошанд, ки фаъолияташон ин навбат низ муассир набуд ва натавонистанд, ки мардумро бо бармномаҳояшон мутмаин созанд ва теъдоди ҳамсафону ҳамақидаҳояшонро афзоянд.Аслан ин ҳолат ба таври дигар ҳам буда наметавонад. Чаро, ки ақоиду барномаҳои бахши азими аҳзоби сиёсии мо нусхабардорӣ аз саҳнаҳои сиёсии аввали қарни 20-и Русияи подшоҳиро мемонад. Агар роҳбарони аҳзоби сиёсии дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ин ҳолатро дарк намуда, лоақал номи ҳизбҳояшонро андаке тағйир доданд, мисли Атамекен, Атажурт (Замини падарон), Ак-жол (Роҳи сафед) дар Қирғизистон ва ё Адилет Азат (Адолат) дар Қазоқистон, вале мо ҳанўз афсонаи поринаро мехонем.Шояд боре ҳам сари ин маънӣ андеша кунем, ки идеологияи сотсиал-демократӣ, сотсиалистӣ ва ё демокративу мисли ин ба менталитети мардуми мо мувофиқ несту эшонро ҳазор таблиғ кунӣ ҳам ин гуна таълимоти аз зеҳнашон дурро қабул надоранд? Шояд иллати асосии кам овоз гирифтан ҳам дар маъракаҳои интихоботӣ маҳз ҳамин бошад, на он «маҳдудияту масдудиятҳое», ки барои чанде аз аҳзоби сиёсии кишвари мо беҳтарин баҳона шудааст? Моҷарои ҳизбият дар ислом ва ё истифодаи номи ислом дар ҳизб низ рўзҳои охир дар ҷомеаи мо ба як баҳси бузург табдил ёфтааст. Ба андешаи ман ислом бояд фавқи ҳама гуна ҳизбу созмонҳо бошад. Моҳияти дин аслан васеътару фаротар аз маҳдудаи ҳизб ва ё гурўҳ аст. Яъне, мо новобаста аз он ки узви кадом як ҳизб ва созмонем, қабл аз ҳама мусалмонем ва кўшишҳои дар доираи як ҳизб маҳдуд намудани дини мубини ислом то андозае ба мақому манзалати он латма ворид месозад. Таърих борҳо собит намудааст, ки ихтилофи диниву мазҳабӣ ҳазор маротиба паёмади даҳшатбортар дорад нисбат ба ихтилофи ҳизбӣ! Чун ҳадафи аслии ҳизб омадан ба сари қудрат аст, дар ин замина истифода аз нуфузу эътибори дини мубини Ислом байни аҳзоби динӣ ихтилоф ба миён меорад, ки дар натиҷа муборизаи ду ҳизби исломӣ ба ихтилофи мусалмонони як кишвар табдил меёбад. Ба равияву шохаҳои мухталифи диниву мазҳабӣ ҷудо шудани мусалмононро мо дар назири Фаластину Афғонистону Сурия дидем, ки чӣ мусибатро ба сари ин мардум овард. Аҳзоби сиёсии ин кишварҳо, ки бахши азимашон аз таълимоти ислом обишхуре доштанд, дар оғоз гўё барои ҳифзи арзишҳои Ислом ва ҳимояи манфиату ҳуқуқҳои мусалмонон мубориза мебурданд, вале баъд аз каме дар мавқеи худ устувор шудан ва ё ба даст овардани пирўзӣ, бо шеваи тунд ба қатлу куштори якдигар пардохтанд. Дар баъзе кишварҳо муқовимату даргирӣ байни чунин аҳзоб даҳсолаҳо ин ҷониб идома дорад. Ин даргириҳо бори дигар собит менамоянд, ки тарғиби ғояҳои Дини Мубини Ислом бо нармиву маърифат аст, на бо сангарнишиниву сиёсат…Дар Каломи Шариф, ояти 159 –уми сураи Анъом омадааст:«Туро бо онҳо, ки дини хеш фирқа-фирқа карданд ва даста-даста шуданд, коре нест. Кори онҳо бо Худост. Ва Худо ононро ба корҳое, ки мекарданд, огоҳ месозад». Яъне фармудаи Парвардигор аст, ки фирқа-фирқа ва даста-даста шудани динро дўст надорад. Шояд бо дар назардошти ҳассос будани авзои сиёсии минтақа аз шеваи тафриқа изтизҳор кунем ва манфиатҳои ҳизбию гурўҳии худро ба манфиатҳои миллӣ ҳамоҳанг созем, вагарна пешорўи таҳдидҳое, ки солҳои охир дар минтақа шиддат мегиранд, боз фирқа-фирқаву даста-даста ва парокандаву мулзам хоҳем буд.
Бахтиёр Ҳамдамов, сармуҳаррири рўзномаи «Минбари халқ»








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






