Сохтмони агрегати дуюм дар НБО «Сангтӯда-2»
Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар» Фарзона Ашӯрмадова).-Имрӯзҳо корҳои сохтмонию танзимгарии НБО-и «Сангтӯда-2» дар агрегати дуюми он идома дорад. Тавре ки дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноат хабар доданд, дар сурати ба истифода додани агрегати дуюм бо иқтидори 110 МВт тавлиди қувваи барқ дар системаи энергетики ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна дар як сол то 500 млн. кВт/соат зиёд гардида, интиқоли барқ ба ин миқдор ба беҳбуди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар муассир хоҳад буд. Дар сохтмони НБО-и мазкур 337 нафар кор мекунад, ки 256 нафараш аз аҳолии маҳаллист.Ёддовар мешавем, ки Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» иборат аз 2 гидроагрегат аст, ки ҳар як агрегати он дорои иқтидори 110 МВт ва дар маҷмуъ 220 МВт буда, агрегати аввали он моҳи сентябри соли 2011 бо иштироки Президенти Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба истифода дода шуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






