Таҳсили аъзои ПСС ҶТ

Сентябрь 18, 2013 14:05

Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Чанде пеш раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо ҳайати Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон, аз ҷумла бо мушовири бахши тарҳрезии лоиҳаҳо Масаё Мураками ва ҳамоҳангсози барномаҳо Тоҷиддин Наҷмиддинов мулоқот анҷом дод. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, меҳмонон изҳор доштанд, ки ҳамкориро бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар рушди бахши инфиродӣ ривоҷ хоҳанд дод. Дар робита бо ин, ҷониби Ҷопон пешниҳод намуд, ки барои аъзои Палатаи савдо ва саноати ҶТ семинарҳо доир карда шаванд.Назар ба гуфтаи Масаё Мураками, мавзӯъҳои асосии семинарҳо иборат аз содирот, рушди соҳибкорӣ, назорати сифати маҳсулот ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра мебошад.Раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ пешниҳодро дар мавриди доир намудани семинарҳо ва таҳсили мутахассисони бахшҳои мухталиф пазируфт.

Сентябрь 18, 2013 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш