Таҳвили раёсат аз Тоҷикистон ба Баҳрайн дар Муколомаи ҳамкории Осиё

Сентябрь 28, 2013 10:06

Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 26 сентябри соли 2013 дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 68-уми Маҷмаи Умумии СММ иҷлоси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Муколамаи ҳамкории Осиё баргузор гардид, ки дар ҷараёни он раёсат дар созмони мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Подшоҳии Баҳрайн гузашт.  Дар иҷлос муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов иштирок намуда, роҷеъ ба фаъолияти Муколамаи ҳамкории Осиё дар давоми як соли гузашта гузориш дод. Дар иҷлоси вазирон Туркия ба узвияти Муколамаи ҳамкории Осиё қабул гардида, номзади нахустин Дабири кулли Дабирхонаи муваққати Муколама таъйид шуд.

Сентябрь 28, 2013 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш