Таҷлили 22-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Анкара
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — 18 сентябри соли 2013 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар якҷоягӣ бо Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои идона дар толори «Swissotel Ankara» бахшида ба 22 солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ботантатана барпо гардид. Дар чорабини зиёда аз 350 нафар, аз ҷумла, Муовини Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Садик Якут, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия — Раиси Комиссия иқтисодии байниҳукуматии Тоҷикистон — Туркия Муаммер Гулер, Прокурори генералии Ҷумҳурии Туркия Ҳасан Эрбил, Раиси ҳизби “Саодат” Мустафа Камлак, Раиси Гурӯҳи дустии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Туркия Мустафа Кабакчӣ, намояндагони вазорату идораҳои Туркия, роҳбарони намояндагони корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, зиёиён, вакилони мардумӣ, намояндагони ВАО ва шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок намуданд. Пас аз хондани суруди миллии ду кишвар, бо суханони ифтитоҳӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳури Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов ҷашнро оғоз намуда, ҳозиринро табрик кард ва иброз дошт, ки робитаҳо миёни Тоҷикистону Туркия собиқаи қадимӣ доранд ва мардуми ду кишвари дусту бародарро муштаракоти зиёд, аз қабили расму русум, фарҳанг, таърих ва ғайра бо ҳам мепайвандад ва барои ривоҷу равнақи равобити мутақобилан судманд заминаи хуб вуҷуд дорад. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия, Раиси Комиссияи иқтисодии байниҳукуматии Тоҷикистон — Туркия Муаммер Гулер аз сатҳи муносибатҳои гуногунҷабҳаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи тоҷикро бо 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният карда, шукуфоӣ ва пешравӣ таманно намуд. Дар охири суханронӣ Вазир ба суханони Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ишора сохт, ки барои дар ростои дӯстиву бародарӣ фармудааст: Ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст, Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст. Дар интиҳо овозхони маъруфи тоҷик Ҷамшед Исмоилов бо суруду таронаҳои миллии дилнишин табъи меҳмононро болида гардонид.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






