Таълифи китоби фанни иқтисодӣ барои синфҳои 10-11
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Бо ҳадафи татбиқи лоиҳаи ТЕМПУС дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ семинари байналмилалӣ баргузор гардид. Тибқи иттилои котиби матбуоти донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим дар ҳамоиш масъалаҳои таҳия ва пешниҳоди барномаи дарсӣ, стандарти таълимӣ ва таълифи китоби фанни иқтисодиёт барои синфҳои 10-11 мавриди муҳокимаю баррасӣ қарор гирифтанд. Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова пиромуни моҳият ва ҷанбаъҳои муҳими мавзӯоти мавриди матраҳ изҳори андеша намуд. Ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ Абдуҷаббор Раҳмонов доир ба фаъолияти гуруҳҳои кории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон оид ба таҳияи барномаи таълимии фанни иқтисодиёт маълумоти дақиқу муфассал ироа кард.Ҳамкорони бурунмарзии ин лоиҳа аз макотиби олии Австралия ва Русия ба барномаи таълимии мазкур баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки паҳлуҳои асосии омӯзиши фанни иқтисодиёт дар ин барнома вобаста ба шароити кунунии Тоҷикистон таҳия шудааст ва аз ин рӯ, сазовори таҳсин ва дастгирист. Дар семинар тасмим гирифта шуд, ки дар асоси барномаи мазкур китоби таълими фанни иқтисодиёт барои синфҳои 10-11 бояд таълиф гардад. Дар ҷамъомад ҳамзамон мавзуъҳо барои муаллимон муайян шуданд. Тахмин меравад, лоиҳаи ин китоб то охири соли равон таҳия шуда, барои тавсия ба нашр ба Вазорати маорифи мамлакат пешниҳод шавад.Мавриди зикр аст, ки дар семинари мазкур, ҳамчунин, намояндагон аз Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ширкат варзиданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






