Тасдиқи масоили марбут ба тарғиботи номзад ба мансаби президент
Душанбе, 5 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар плакати иттилоотӣ ва тарғиботии ҳар як номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд барномаи пешазинтихоботии номзад, тарҷумаи ҳоли номзад (ҳаҷми ҳарфҳо 16) ва расми номзад ба андозаи 9 х 14 сабт карда шавад. Ин масъала дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/, ки таҳти раёсати Шермуҳаммади Шоҳиён-раиси КМИР доир гардид, матраҳ шуд ва ҳам қарори марбута қабул гардид. Ҳамзамон бо мақсади таъмини шароит ва имкониятҳои баробар ба номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи пешазинтихоботӣ, тибқи моддаҳои 12 ва 27 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори КМИР дар бинои ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ шиору овезаҳо, баннерҳо ва плакатҳои иттилоотӣ ва тарғиботии ҳар як номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд аз ҳаҷми варақи андозааш А2 зиёд бошад. Дар ҷаласа иҷрои қарори мазкур ба зиммаи раисони комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот гузошта шуд.Инчунин аъзои КМИР гуруҳи кории комиссияро оид ба санҷиш ва ҳисоби имзоҳое, ки ба тарафдории номзадҳои ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбаришуда ҷамъ оварда мешаванд, ташкил намуд. Ҳамзамон бо қарори КМИР гуруҳи кории комиссия доир ба таъмини фаъолияти нозирони байналмилалӣ ташкил гардида, ба ҳайати он аъзо ва кормандони дастгоҳи КМИР шомил карда шуданд.Масъалаи дигаре, ки дар меҳвари муҳокимаи аъзои КМИР қарор дошт, ин тартиби истифодаи воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ аз ҷониби номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо дар маъракаи пешазинтихоботӣ буд, ки он ҳам тасдиқ гардид. Аъзои КМИР инчунин дигар масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро матраҳ сохтанд. Ахиран 30 августи соли равон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори марбута қабул гардид, ки тибқи он 6 ноябри соли 2013 дар Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварамон интихоботи президентӣ гузаронида мешавад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






