Вакилон ба минтақаҳо мераванд

Сентябрь 12, 2013 15:35

Душанбе, 12 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шуруъ аз имрӯз — 12 сентябр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба минтақаҳои мухталифи кишвар сафар намуда, бо интихобкунандагон мулоқот менамоянд. Интизор меравад, ки дар доираи сафари вакилон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ масъалаҳои марбут ба вазъи соҳаҳои мухталифи ҷомеа, ҳалли баъзе аз мушкилоти мавҷуда ва соири масоили вобаста ба пешрафти ҷомеаи кишвар матраҳ хоҳанд гашт. Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон дар фазои озод доир гардида, интихобкунандагон имкон доранд, доир ба ҳамаи мавзуъҳои муҳим ба саволҳои худ аз вакилон посухҳо гиранд. Сафари вакилони палатаи поёнии Парлумон ба минтақаҳо то 22 сентябр идома меёбад.15.33.

Сентябрь 12, 2013 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш