Варзишгарон соҳиби унвон мегарданд
Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Дар арафаи ҷашни миллӣ- 22 солагии Истиқлолияти давлатӣ нимаи дуввуми санаи 5 сентябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ раиси кумита Маликшо Неъматов як гуруҳ варзишгарону собиқадорон ва мураббиёну кормандонро барои хизматҳои шоён дар рушду густариши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо унвонҳои фахрӣ, варзишӣ ва дараҷаҳои тахассусӣ қадрдонӣ мекунад. Аз ҷумла, бо унвони варзишии «Номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» 7 нафар, «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон 63 нафар, «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ 13 нафар, «Мураббии тахассуси дараҷаи олӣ» 4 нафар, «Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» 6 нафар, унвони фахрии варзишии «Довари дараҷаи ҷумҳуриявӣ» 3 нафар, «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» 11 нафар, «Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» 2 нафар сарфароз мегарданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






