Варзишгарони беҳтарин

Сентябрь 6, 2013 11:05

Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – Аз рӯи натиҷаи пурсиши Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамлагари дастаи футболи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе Ҳусейни Суҳробӣ, сармураббии дастаи «Истиқлол» Олег Ширинбеков ва довар Раҳмон Муртазоев бозингари беҳтарин, мураббии беҳтарин ва довари беҳтарини Тоҷикистон дар моҳи август дониста шуданд.Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, бо қарори Федератсия ҳар моҳ ҳаками босалоҳият натиҷаи фаъолияти варзишгаронро ҷамъбаст намуда ва ҷоизони онро муайян мекунад.

Сентябрь 6, 2013 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш