Вохӯрии Ҳамрохон Зарифӣ бо Андре-Дюле

Сентябрь 3, 2013 09:54

Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-  2 сентябри соли 2013 вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо ҳайати Сенати Ҷумҳурии Фаронса, аъзои гуруҳи парлумонии дӯстии Фаронсаву Тоҷикистон таҳти роҳбарии Андре-Дюле барпо гардид. 
  Зимни вохӯрӣ тарафҳо қаноатмандии худро роҷеъ ба муносибатҳои дуҷониба дар солҳои охир ва зарурати тавсеаи ин муносибатҳо дар оянда изҳор намуданд, ки далели он кушодашавии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса мебошад.
  Ҳамзамон ҷонибҳо ҳамкориҳои муштараки ду давлатро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳокима намуданд ва дар мавзуъҳои амнияти минтақа, субот ва эътидоли вазъ дар Афғонистон баъд аз баровардани қувваҳои эътилофи байналмилалӣ дар соли 2014, инчунин вазъияти имрӯзаи Сурия мубодилаи афкор намуданд.
 
 

Сентябрь 3, 2013 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш