Вохӯрии сеюми коршиносони мақомоти зиддимухаддиротии ташаббуси АҚТ
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-27-28 сентябр дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи коршиносони мақомоти зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон — ташаббуси АҚТ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Раёсати СММ оид ба ҷинояткорӣ ва мухаддирот ширкат варзиданд.Тавре ки маркази матбуоти АНМН хабар медиҳад, 27 сентябр дар сухани ифтитоҳӣ муовини директори агентӣ Бунафша Одинаева зикр намуд: ” Бо мақсади ба ҳам овардани кӯшишҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва баланд бардоштани самаранокии он Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ҳамкориҳоро бо давлатҳо ва созмонҳои дахлдор ҳамаҷониба рушд ва таҳким мебахшад”.Мақсади асосии ҷаласа- ин омода намудани ҳуҷҷатҳо доир ба баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва идора байни сарҳадоти ҶИА, Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошад. Ҳуҷҷатҳои мазкур барои баррасӣ дар вохӯрии навбатии вазирон-роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки дар шаҳри Бишкек баргузор мегардад, пешниҳод мешаванд.Дар ҷамъбасти ҷаласа Протоколи муштарак ба имзо мерасад. Вохӯрии сеҷониба дар доираи татбиқи «Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он дар солҳои 2011-2014” баргузор мегардад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






