Вусъати корҳои ободонӣ дар Фархор

Сентябрь 27, 2013 11:33

Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).-Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳбараш Абдусалом Қурбонов мебошад, аз соли 2012 то ин ҷониб дар ноҳияи Фархор сохтмони боғи маданӣ — истироҳатӣ, майдони варзишӣ барои 10 ҳазор ҷои нишаст, китобхонаи дуошёна, осорхонаи дуошёна, чойхона, қирпӯш намудани зиёда аз 4 км роҳи маркази ноҳия, аз нав сохтани қубури оби нӯшокӣ дар ҳамаи кӯчаҳои шаҳрчаи Фархор маблағи муайян ҷудо намуда, ҷараёни корҳои сохтмониро зери назорат дорад.Барои сохтмони майдони варзишӣ бо 10 ҳазор ҷои нишаст, 12 млн. сомонӣ, барои боғи фарҳангӣ — истироҳатӣ 9 млн. сомонӣ, барои осорхона 2 млн. сомонӣ, барои китобхона 1 млн. 450 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.Сохтмончиён ният доранд, ки то охири моҳи октябри соли ҷорӣ сохтмони майдони варзиширо ба охир расонанд..

Сентябрь 27, 2013 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш