Ярмаркаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ

Сентябрь 21, 2013 11:29

Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ҳимояи иҷтимоии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар шафати бинои ВКД ярмаркаи фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ доир шуд.Дар ярмарка маҳсулоти хӯрокворӣ аз хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ, хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба харидорон пешкаш карда шуд.Мавриди зикр аст, ки нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар ярмаркаи мазкур дар муқоиса бо нархи бозор аз 30 то 40 фоиз арзон буд. Ба гунаи мисол нархи як килограмм гӯшт 22 сомонӣ, картошка 1 сомонӣ, пиёз 60 дирам, нархи як килограмм помидор 60 дирам, арзиши 1 дона тухм 50 дирамро ташкил дод.Маҳсулотҳои полезӣ низ оварда шуда, бо нархи хеле арзон ба харидорон пешкаш шуданд.Аз ярмаркаи мазкур на танҳо кормандони ВКД. балки шаҳрвандон низ маҳсулот хариданд ва ба Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии Вазорат барои ташкили ин амри хайр изҳори минатдорӣ карданд.Дар ин бора сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад.

Сентябрь 21, 2013 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш