Зан агар оташ намешуд…
Душанбе, 20 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон /ИНИТ/, ки се моҳ қабл дар робита ба баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфта буд, номзадии яке аз ҳуқуқшиносони шинохтаи кишвар-Ойниҳол Бобоназароваро ҷиҳати иштирок дар интихоботи президентӣ, ки 6 ноябри соли равон баргузор мегардад, эълон кард. Ойниҳол Бобоназарова, ки яке аз фаъолони сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон аст, 10 июни соли 1948 дар ноҳияи Ёвон дар оилаи иштирокчии Ҷанги Бузарги Ватанӣ ба дунё омадааст. Соли 1971 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар соли 1976 аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуда, то соли 1989 устоди факулати ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ ва аз соли 1989 ба ҳайси декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи мазкур фаъолият намудааст. Шуруъ аз соли 1990 ҳуқуқшиноси варзида ба Ҳизби демократии Тоҷикистон мепайвандад. Дар соли 1994 ба муддати як моҳ дар ҳабси хонагӣ қарор дошт ва аз сӯи Президенти кишвар авф шуд. Ойниҳол Бобоназарова тӯли солҳои 1996 -2007 ба ҳайси мушовир оид ба ҳуқуқи инсон дар намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) дар Тоҷикистон ва роҳбари Бунёди Сорос дар Тоҷикистон фаъолият кардааст. Алҳол роҳбари созмони иҷтимоии «Перспектива+» аст. Ойниҳол Бобоназарова оиладор буда, соҳиби ду фарзанд аст. Мавриди зикр аст, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ҳам дар ҷаласаи худ аз номзади ИНИТ -Ойниҳол Бобоназарова дар интихоботи президентӣ ҷонибдорӣ намуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






