Зиёрати Э. Раҳмон аз оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ
Душанбе, 29 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Душанбе, 29 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба дар ноҳияи Ховалинг оромгоҳи ҳазрати Султони Увайси Қараниро зиёрат намуд.Бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид барои пойдории оромию осоиши Тоҷикистони азиз ва рифоҳи мардуми шарифи кишвар дуою фотиҳаи наку карданд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз ду бинои якошёнаи сеҳуҷрагӣ, ки чун меҳмонхона барои қабули зиёраткунандагони ин зиёратгоҳ бунёд ёфтааст, шинос шуда, барои ба як мавзеи ободу зебои сайёҳӣ табдил додани ин мавзеъ супоришҳои судманд дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки дар ин ҷо як меҳмонхонаи бисёрошёна бо шароити муосири будубоши шаборӯзӣ ва истироҳату фароғат бунёд намоянд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






