Ғолибони мавсими пахтачинӣ дар Суғд

Октябрь 1, 2013 16:15

Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» -и маркази вилояти Суғд даври аввали мусобиқаи меҳнатӣ байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакори вилоят дар мавсими имсолаи ҷамъоварии ҳосили пахта ҷамъбаст гардид, ки дар он раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иштирок намуд. Мувофиқи қарори якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ ва Кумитаи иттифоқи касабаи коркунони комплекси агросаноатии вилоят дар ин сабқат ноҳияи Мастчоҳ ҷои аввал ва ноҳияи Спитамен ҷои дуюмро ишғол карданд. Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар бистрӯзаи аввал заркорони ноҳияи Мастчоҳ 16 ҳазору 651 тонна, ё баробари 67,01 фоизи дурнамои солона, кишоварзони ноҳияи Спитамен бошанд, 8 ҳазору 724 тонна, ё баробари 66,09 фоизи дурнамои солона пахта ҷамъоварӣ намуданд. Раиси вилоят ба ғолибон «Вимпели сайёр» ва мукофотҳои пулиро мутаносибан дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ ва 10 ҳазор сомонӣ тақдим намуд. Дар миёни хоҷагиҳои пахтакори вилоят хоҷагии деҳқонии «Рахшона»-и ноҳияи Ашт ғолиби мусобиқаи меҳнатӣ дониста шуда, бо «Вимпели сайёр» ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуд. Деҳқонони ин хоҷагӣ 1287 тонна пахта ҷамъоварӣ намуда, дурнамои солонаро 113,3 фоиз таъмин намудаанд.

Октябрь 1, 2013 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш