Қабули Мувофиқатнома аз тариқи мубодилаи ёддоштҳо байни Тоҷикистон ва Олмон

Октябрь 10, 2013 14:43

Душанбе, 10 октябр (АМИТ «Ховар»).- 10 октябри соли 2013 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими қабули Мувофиқатнома аз тариқи мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба мусоидати мутақобила барои ҳамкории густурда дар Осиёи Марказӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои маҳдуди обӣ баргузор гардид. Дар маросим аз ҷониби Тоҷикистон вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва аз ҷониби Олмон Сафири Фавқулодда ва Мухтор Ҳолгрен Грэн иштирок намуданд.

Октябрь 10, 2013 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш