Қасди куштани ҳамсар

Октябрь 25, 2013 09:43

Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Кормандони милитсияи шуъдаи ВКД дар ноҳияи Айнӣ зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Меҳроншоҳ Рустамов, сокини ноҳияи Айнӣ бо гумони сӯиқасд ба куштор дастгир карданд.Тавре ки аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, номбурда рӯзи 23 октябри соли равон дар кӯча бо ҳамсараш Наргиса Маизова муноқиша карда, ӯро бо корди дар дасташ дошта, 9 маротиба ба шикамаш зада, сипас 1 маротиба ба шиками худаш задааст. Дар натиҷа ҳар ду ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Октябрь 25, 2013 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш