Қатъи фаъолияти фасодхонаҳо
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолияти фасодхонаи истеъмоли маводи нашъадор ва фоҳишахонаро ошкор ва қатъ намуданд.Фасодхонаи маводи нашъадор дар яке аз хонаҳои шахсӣ ташкил шуда буд. Соҳиби хона сокини 37 солаи пойтахт буда, барои содир кардани ҷиноятҳои маводи нашъадор қаблан суд шуда, ба наздикӣ ба озодӣ баромадааст.Дар лаҳзаи дастгиркунӣ дар фасодхона ду нафар дар ҳолати истеъмоли маводи нашъадор қарор доштанд. Ҳангоми азназаргузаронии фасодхона кормандони фаврӣ якчанд сӯзандоруро бо маводи нашъадор, ки барои истеъмол омода шуда буд, ошкор карданд. Ҳамаи воситаҳои ошкоршуда дар ҳузури шахсони холис гирифта, барои таҳқиқ ба ташхис фиристода шуд. Агентӣ ҳолатҳои ҳодисаи содиршударо муайян менамояд ва оид ба ҳодисаи мазкур санҷиш идома дорад.Инчунин, кормандони агентӣ фаъолияти фасодхона барои машғул шудан ба фоҳишагариро, ки дар яке аз утоқҳои хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе ташкил шуда буд, ошкор ва қатъ намуданд. Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда — сокини 37- солаи пойтахт, ки дар ягон ҷой фаъолият намекунад, хонаашро барои даюсӣ ба иҷора дода буд.Тавре ки аз дафтари матбуоти АНМН ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳангоми санҷиш дар хона се зани аз 17 то 46 сола, ки аз вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба пойтахт омада буданд, инчунин се мард қарор доштанд. Нисбат ба соҳибхона парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 КҶ ҶТ (ташкил ва нигоҳдории фасодхона, даюсӣ) оғоз намуда, барои тарк накардани ҷои истиқомат аз вай забонхат гирифта шуд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






