Қурби асъори хориҷӣ тағйир наёфт

Октябрь 18, 2013 14:03

    Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). —  Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳафтаи равон қурби доллари ИМА бе тағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,8810 — 4,8990 сомонӣ қарор гирифт.      Ҳамчунин қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ тағйир наёфтанд ва мувофиқан ба 0,1499-0,1508 сомонӣ ва ба 6,5106-6,5207 сомонӣ баробар шуданд. 
    17 октябр қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 4,8800-4,9000 сомонӣ, шаҳри Хуҷанд 4,8800-4,8900 сомонӣ ва шаҳри Қурғонтеппа 4,8800-4,8900 сомониро ташкил дод. 
 Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти  Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд. 
 
 

Октябрь 18, 2013 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш