Қурби доллари ИМА боз каме поин рафт

Октябрь 3, 2013 15:18

Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Ҳафтаи ҷорӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА боз каме поин рафта, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,8790 — 4,8970 сомонӣ қарор гирифт.  Дар баробари ин, қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бетағйир боқӣ монда, мувофиқан 0,1500-0,1505 сомонӣ ва 6,4805-6,4940 сомониро ташкил доданд. Рӯзи сеюми моҳи октябр, қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба 4,8800-4,9000 сомонӣ, ш. Хуҷанд ба 4,8800-4,8900 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 4,8800-4,8900 сомонӣ баробар шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Октябрь 3, 2013 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш