Ҳамкории Чехия ва Тогҷикистон

Октябрь 7, 2013 10:49

Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих ). –  Мавзӯи  асосии  мулоқоти   раиси  Палатаи савдо  ва  саноати  ҶТ  Шариф  Саид   бо   Сафири  Чехия  дар   Тоҷикистон  Гинэк Пэйха, ки  охири  ҳафтаи  гузашта    дар  шаҳри  Душанбе  баргузор  гардид,  шиносоӣ  бо  фаъолияти  Палатаи савдо  ва  саноати  Тоҷикистон   ва   роҳандозии  ҳамкории  судманд  буд. Дар  ин  бора  аз  маркази  матбуоти  ПСС ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд.
 
Шариф  Саид  меҳмонро  бинобар  ба  мансаби   сафир   таъин  шуданаш  муборакбод  карда,  дар  бораи   имкониятҳои   бузурги  Тоҷикистон,  самтҳои   асосии   ба сармоягузорӣ  ниёздоштаи  иқтисодиёти  кишвар  нақл  карда,  соҳаи   нерӯи  барқ,  саноати  сабук  ва  коркарди  маҳсулот,  ҳамчунин  бахши  сайёҳиро  ба таври  махсус   хотирнишон  сохт.
 
Сафир  дар  навбати  худ  дар  бораи иқтисодиёт  ва  имконоти  содиротию  сармоягузории   Чехия   нақл  карда,   хабар  дод, ки  ширкатҳои   Чехия   ҷонибдори   ҳамкорӣ  бо  Тоҷикистон  дар  бахши  гидроэнергетика,  саноати   истихроҷи  маъдан,  сабук  ва  коркарди  ашёи  хом  мебошанд.

Октябрь 7, 2013 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш