«Ҳифз-2013»: Амалиёт бар зидди террористон

Октябрь 3, 2013 10:07

Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз дар тамрингоҳи ҳарбии «Чоруқдарон»-и гарнизони ҳарбии Суғд марҳилаи ниҳоии размоиши муштараки низомӣ таҳти унвони «Ҳифз-2013» ба анҷом расид. Аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ дода шуд, ки дар ин размоиши муштараки низомӣ раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — полковник Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон генерал — майор Таалайбек Омуралиев, раисони шаҳру навоҳии вилоят ва масъулону намояндагони сохторҳои қудратии гарнизони Суғд ба ҳайси нозир иштирок намуданд. Гуфта мешавад, ки беш аз 500 нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Қирғизистон дар ин размоиши муштараки низомӣ ширкат варзида, бо истифода аз чархболҳои ҳарбӣ, техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, артиллерияҳои худгард, тӯпҳои гуногун ва яроқу аслиҳаи мухталифи оташфишонии ҳарбӣ маҳорати касбии худро ҷиҳати дастгиру безарар гардонидани гуруҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, қочоқчиёни маводи мухаддир ва дигар гуруҳҳои ифротии мусаллаҳ амалан ба намоиш гузоштанд. Раиси вилояти Суғд ва ҳамзамон вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба беҳтарин афсарону сарбозони ин ду давлат, ки дар тамринҳои низомӣ қобилияти баланди касбӣ нишон доданд, туҳфаҳои хотиравӣ супориданд. Гуфта мешавад, ки тамринҳои муштараки амалиётию тактикӣ таҳти унвони «Ҳифз-2013» ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ дар гарнизони ҳарбии Суғд аз 20 сентябри соли ҷорӣ оғоз ёфта, то кунун се давраи омӯзишии он ба анҷом расидааст. Дар ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, ки рӯзҳои 28 ва 29 сентябр ҷараён гирифта буд, раисони шаҳру навоҳӣ ва комиссарони ҳарбии вилояти Суғд ба омӯзиши фанҳои мухталифи низомӣ ҷалб гардида буданд.

Октябрь 3, 2013 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд