Ҷаласаи минтақавӣ бо сафирони Тоҷикистон

Октябрь 2, 2013 09:04

Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар»).- 30 сентябри соли 2013 дар ш.Брюссел вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо сафирони Тоҷикистон дар Австрия, Белгия, Олмон, Фаронса ва Швейтсария ҷаласаи корӣ доир намуд. Ҳадаф аз вохӯрии мазкур омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 1 октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, буд. Ҳамзамон зимни нишаст вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳисоботи сафиронро дар бораи фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ дар соли 2013 ва чораҳои амалишаванда ҷиҳати рушди равобити ҳамаҷониба бо кишварҳои Аврупоро шунид. Ба сафирон пешниҳодҳои мушаххас оид ба таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо ва созмонҳои байналхалқӣ, бахусус СММ ва САҲА дода шуданд. Дар ҷаласа ҳамчунин омодагии намояндагиҳои дипломатӣ ба интихоботи дарпешистодаи президентии Тоҷикистон дар кишварҳои иқомат ва тадбирҳо бо мақсади ташаккули афкори мусбати ҷомеаи Аврупо нисбат ба раванди демократӣ ва шаффофи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон муҳокима гардиданд.

Октябрь 2, 2013 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш