Ҷаласаи сеюми Шӯрои ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар Брюссел
Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар»).- 1 октябри соли 2013 дар бинои Шӯрои Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел ҷаласаи сеюми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори нишаст ҳайати Тоҷикистон зери роҳбарии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ширкат варзид. Ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин аз сафирони Тоҷикистон дар Белгия, Австрия, Олмон, Фаронса ва Швейтсария иборат буд. Ҳайати Иттиҳоди Аврупоро вазири корҳои хориҷии Литва Линас Линкявичюс сарварӣ кард. Бояд зикр кард, ки ҳоло Литва дар Иттиҳоди Аврупо раисӣ дорад. Шӯрои ҳамкорӣ таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Литва доир гардид. Рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла ислоҳоти дохилӣ ва узвият дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, мавзӯи об ва муҳити зист, инчунин проблемаҳои байналмилалӣ ва минтақавиро дарбар гирифт. Зимни Шӯрои ҳамкорӣ ҷонибҳо ҷараёни рушди ҳамкории миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, инчунин иқдомҳои оянда оид ба тавсеаи минбаъдаи муносибатҳоро муфассал баррасӣ намуданд. Ҳамчунин самтҳои асосии ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, ҳолати муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва масоили байналмилалӣ матраҳ гардиданд. Дар фарҷоми ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ нишасти матбуотӣ бо иштироки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Литва сурат гирифт. Дар нишасти матбуотӣ вазирони корҳои хориҷӣ аз натиҷаҳои ҷаласаи барпошуда изҳори қаноатмандӣ намуда, барои идомаи ҳамкории созанда ва мутақобилан судманд ҳавасмандии худро тасдиқ карданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






