Ҷаласаи ситоди Оқил Оқилов дар Хатлон

Октябрь 23, 2013 10:33

Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Имрӯз, 23-юми октябр дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷаласаи сайёри ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба масьалаи зимистонгузаронӣ доир гардид.Дар ҷаласа дар баробари таҳлилу баррасии вазъи омодагиҳо ба мавсими сармои солҳои 2013-2014, ҳамзамон аз рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар нуҳ моҳи соли равон натиҷагирӣ шуд.Оқил Оқилов аъзои ситоди ҷумҳуриявии вазорату идораҳо , ситодҳои маҳаллии вилоятҳо,шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту корхонаҳоро вазифадор намуд, ки дар давраи зимистонгузаронӣ мунтазам ва самарабахш фаьолият намуда, баҳри рафьи мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурию саривақтӣ андешанд.

Октябрь 23, 2013 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш