Ҷаласаи ситоди Оқил Оқилов дар Суғд
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ “Ховар”, Фарзона Ашӯрмадова).-Имрӯз дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷаласаи сайёри ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба замистонгузаронӣ баргузор гардид. Дар оғози ҷаласа роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят, масъулони сатҳи аввали соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ оид ба омодагӣ ва тадбирҳои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 ҳисобот доданд.Тавре ки таъкид шуд, барои дар сатҳи баланд гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон дар қаламрави вилоят корҳои аввалиндараҷа, аз ҷумла омода кардани иншооти энергетикӣ, роҳу нақлиёт, захираи кофии сӯзишворӣ, маҳсулоти саноатию хӯрокворӣ ва таъмиру тармими дигар иншооти муҳими хоҷагии халқи вилоят ба анҷом расонида шудааст.Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо натиҷагирӣ аз ҷараёни омодагиҳо ба мавсими зимистонгузаронӣ дар қаламрави вилоят изҳор дошт, ки бо вуҷуди пешравиҳо ва омодагиҳои ҷиддӣ ба ин давра мушкилот ва камбудиҳои зиёд низ мавҷуд мебошад, ки барои бартараф кардани онҳо бояд тадбирҳои саривақтии иловагӣ андешида шаванд.Оқил Оқилов махсусан аз раванди иҷро нагардидани нақшаи ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда, пурра фаъолият накардани нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ ва таъмин накардани нақшаи истихроҷи нафт ва гази табиӣ изҳори нигаронӣ карда, ҷараёни захираи ангиштсанг ва ҳезум дар ташкилоту муассисаҳои маорифу тандурустӣ, инчунин нақшаи тайёр кардани хӯроки чорво дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоятро қаноатбахш арзёбӣ намуд.Сарвазири мамлакат ба роҳбарони идораҳои дахлдор, роҳбарияти вилоят ва шаҳру навоҳии он, инчунин ба роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ барои омодагии ҷиддӣ ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон, сари вақт бартараф намудани камбудиву нуқсонҳои ҷойдошта, таъмини фаъолияти мунтазами ситодҳои зимистонгузаронии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ва зери назорат қарор додани кори тамоми сохторҳои вилоят дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






