Ҷамъомади таълимию методӣ дар шаҳри Хуҷанд

Октябрь 3, 2013 11:22

Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ҷамъомади таълимӣ-методӣ бо иштироки роҳбарони зерсохторҳои Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи ҶТ оғоз ёфт, ки он тӯли се рӯз давом хоҳад кард. Субҳи имрӯз раиси Кумитаи марказии ташкилот генерал-майори гвардия Музаффар Гулмадов дар бораи оинномаи ташкилот, ҷиҳатҳои роҳбарикунанда ва ташкили фаъолияти таълимӣ машғулият гузаронид Ин қабил чорабиниҳо моҳи гузашта дар вилояти Хатлон низ гузаронида шуда, минбаъд дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баргузор мешаванд. Мақсад аз баргузории ҷамъомадҳо- ин такмили ихтисоси кормандон мебошад. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии ТҶММ ҶТ Абдурақиб Қодиров аз шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод, чорабинии мазкур дар толори мактаби муттаҳидаи ба номи генерал-майор Валӣ Маҳмадов дар шаҳри Хуҷанд гузашта истодааст.

Октябрь 3, 2013 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд