80 фоизи ҳоҷиёни тоҷик ба хонаи Худо расиданд

Октябрь 4, 2013 13:24

Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- То 2-юми октябр беш аз 80 фоизи ҳоҷиёни тоҷик ба шаҳрҳои Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара интиқол дода шудаанд.Ҳангоми гусели ҳоҷиён гуруҳи кории “Ҳаҷ- 2013” бо иштироки бевоситаи Раиси Кумтаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов фаъолият мебарад. Пирони хирад бо дуои нек ва талаби амну осоиштагӣ ва шукуфоии кишвар аз «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озими Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара мегарданд. Ба гуфти сухангӯи кумитаи мазкур Тоҷиддин Резвонӣ масъулини ситоди «Ҳаҷ-2013» барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасониҳо ба ҳоҷиёни тоҷик аз тамоми нерӯи корӣ истифода менамоянд. Гуфта мешавад дар рӯзҳои наздик тамоми ҳоҷиёни тоҷикистонии дар шаҳри Мадина буда ба шаҳри Макка интиқол дода шуда ва то оғози маросими ҳаҷҷи фарзӣ ибодати худро дар Хонаи Худо идома медиҳанд.

Октябрь 4, 2013 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш