А. Додоев: «Интихоботи Президенти ҶТ аҳамияти умумидавлатӣ ва умумимиллӣ дорад»

Октябрь 28, 2013 11:33

Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). —  Тавре ки маълум аст, 6 ноябри соли равон дар кишварамон  интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар робита ба ин масъалаи муҳими сиёсӣ суҳбате доштем бо роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Tоҷикистон Абдуманнон Додоев.
 
  -Абдуманнон Махсудович, барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва умуман муҳоҷироне, ки берун аз қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият доранд, дар кадом давлатҳо  чанд нуқтаи интихоботӣ  ташкил шудааст?
 
-Тибқи талаботи моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Tоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Tоҷикистон» бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳудуди 27 кишвари хориҷӣ 61 участкаи интихоботӣ, аз ҷумла дар Федератсияи Русия 24 участкаи интихоботӣ ташкил шудааст. Бо мақсади таъмини иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  берун  аз марзи кишварамон истиқомат доранд,  КМИР мутобиқи моддаи  9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон     қарор қабул кард, ки участкаҳои интихоботӣ дар кишварҳои зерин ташкил  шаванд:
 Дар Федератсияи Русия дар шаҳрҳои Маскав,  Санкт- Петербург, Твер, Тула, Ярославл, Рязан, Калининград, Саратов, Волгоград, Қазон,   Уфа, Нижний Новгород, Краснодар, Астрахан, Екатеринбург, Тюмен, Челябинск, Красноярск, Благовешенск, Новосибирск, Самара, Перм ва инчунин дар Хабаровск ва  Ҷумҳурии Саха (Якутия), дар Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Минск, дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Остона ва шаҳри Алмаато, дар Ҷумҳурии Қирғизистон дар  шаҳри Бишкек, дар Озарбойҷон   дар  шаҳри Боку, дар Туркманистон  дар шаҳри Ашқобод, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон  дар шаҳри Тошкент, дар Украина   дар шаҳри Киев, дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳрҳои Теҳрон ва    Машҳад, дар Ҷумҳурии Мисри Араб дар шаҳри Қоҳира, дар Арабистони Саудӣ    дар шаҳри  Ар-Риёз, шаҳрҳои Макка  ва  Мадина, дар Аморати Муттаҳидаи Араб      дар  шаҳри  Дубай ва Абу-дабӣ, дар Давлати Қатар дар шаҳри Доҳа,  дар Ҷумҳурии Ҳиндустон  дар шаҳри Деҳлӣ, дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар  шаҳрҳои Кобул, Мазори Шариф, Файзобод ва  Қундуз, дар Ҷумҳурии Исломии Покистон дар шаҳри Исломобод, дар Ҷумҳурии  Туркия   дар шаҳрҳои Анқара ва Истанбул, дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳрҳои Пекин ва Урумчӣ, дар Ҷопон дар шаҳри Токио, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  дар  шаҳрҳои  Вашингтон ва Ню Йорк, дар Шоҳигарии Белгия  дар шаҳри Брюссел, дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон  дар  шаҳри Берлин, дар Британияи Кабир дар шаҳри Лондон, дар Конфедератсияи Швейтсария дар шаҳри Женева, дар Ҷумҳурии Австрия        дар шаҳри Вена, дар давлати Қувайт дар  шаҳри ал-Қувайт ва дар Фаронса дар  шаҳри Париж. 
Бо қарори комиссияи ҳавзавии интихоботии Шоҳмансур №3 аз 17 ва 18 октябри соли 2013 ҳайяти комиссияҳои участкавии интихоботӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
  Инчунин  участкаҳои интихоботии мазкур бо қарори мазкури КМИР бояд натиҷаҳои овоздиҳиро оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комиссияи ҳавзавӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмансур № 3  пешниҳод намоянд.
 
-Оё ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуқуқи иштирок дар интихоботро доранд?
Мувофиқи моддаи 2 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Tоҷикистон» дар интихоботи Президенти ҷумҳурӣ шахсоне ҳуқуқи  иштирок доранд, ки суд онҳоро ғайриқобили амал донистааст ё бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум  шудаанд. Ҳар гуна маҳдудкунии ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайр аз ҳолатҳое, ки ин Қонуни конститутсионӣ пешбинӣ кардааст, манъ аст. Яъне, ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки  ҳуқуқи интихоб  доранд, метавонанд дар овоздиҳӣ иштирок намоянд.
 
-Ба қавли бештари ВАО-и Русия на ҳамаи  муҳоҷирони меҳнатӣ дар интихобот иштирок карда метавонанд, зеро 6 ноябр дар мамлакатҳои хориҷӣ рӯзи корӣ аст. Ба фикри шумо дар ин бора ва барои ҳалли ин мушкилот чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
 
-Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ тамоми чораҳои заруриро барои таъмини иштироки ҳарчи бештари шаҳрвандони ҶТ, аз  ҷумла, муҳоҷирони  меҳнатӣ андешида истодааст. КМИР барои интихобкунандагоне, ки дар рӯзи овоздиҳӣ дар ҷойи кор қарор доранд, махсус қуттиҳои сайёр омода кардааст. Ин қуттиҳо аз тарафи аъзои комиссияҳои участкавӣ ба макони лозимӣ расонида мешаванд, то ки интихобкунандагон тавонанд дар ҷойҳои кории худ аз ҳуқуқи интихоботии худ истифода баранд.
Инчунин муҳоҷирони меҳнатие, ки дар рӯзи интихобот овоз дода наметавонанд, метавонанд бо варақаҳои интихоботӣ пешакӣ овоз диҳанд.
 
-Тоҷиконе, ки  шаҳрванди ҳам Тоҷикистон ва ҳам Русия мебошанд, ба қавле «душаҳрвандӣ» доранд, ҳуқуқи иштирок дар интихоботро доранд?
 
-Чунин гуруҳи шаҳрвандон, ки ҳам шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлат мебошанд, ҳуқуқи  иштирок намуданро  дар интихобот, албатта, доранд.
 
— Дар интихоботҳои қаблӣ чанд фоизи муҳоҷирон иштирок намуда буданд ва ба фикри Шумо имсол чанд фоизи муҳоҷирон иштирок хоҳанд кард?
-Дар интихоботи охирини парлумонӣ, ки соли 2010 баргузор гардида буд, мувофиқи маълумоти мавҷуда беш аз 100 ҳазор нафар интихобкунандагон дар Федератсияи Россия иштирок карданд. 
Ба андешаи мо, бо назардошти чораҳои муассири роҳандозишуда, ки барои ҷалби ҳарчи бештари интихобкунандагони дар хориҷи кишвар иқомат дошта равона гардидаанд,  дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми зиёди муҳоҷирон иштирок хоҳанд кард.
 
-Тайёрӣ ва иттилоърасонӣ ба интихоботи имсола байни муҳоҷирон аз  солҳои пешин  ягон фарқият дорад?
 
 -Тайёрӣ ба интихоботи Президенти ҶТ аз пешина куллан фарқ дорад. Барои мисол метавон гуфт, ки дар интихоботи парлумонии соли 2010 дар қаламрави Федерацияи Русия, ки қисми зиёди муҳоҷирони меҳнатии мо будубош доранд, ҳамагӣ 8 участкаи интихоботӣ ташкил шуда буд. КМИР якҷоя бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ  кӯшиш ба харҷ дод, ки ҷиҳати фаро гирифтани тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави ҷумҳурӣ қарор доранд, тамоми шароити мусоидро фароҳам созанд. Чунонки дар боло зикр намудем, дар 24 калонтарин шаҳрҳои Федератсияи Русия  участкаҳои интихоботӣ таъсис дода шудаанд. Масъалаи иттилоъ расонидан ба интихобкунандагон низ дар мадди назар қарор дошта, аз тарафи аъзои комиссияҳои участкавии дар қаламрави Россия ҷой дошта, тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. 
 
-Ба андешаи Шумо овози муҳоҷирон дар интихобот нақши ҳалкунандаро мебозад?
-Бояд гуфт, ки интихоботи Президенти ҶТ маъракаи муҳими сиёсиест, ки аҳамияти  умумидавлатӣ ва умумимиллӣ дорад. Дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ на танҳо овози муҳоҷирон, балки  овози ҳар як интихобкунандаи ҷумҳурӣ муҳим аст, новобаста аз он ки намояндаи кадом кишри ҷомеа мебошад ва дар куҷо фаъолият дорад. 
 
-Ҷараёни интихоботро дар хориҷ аз Тоҷикистон кӣ назорат мекунад?
 
-Мувофиқи Конституция ҶТ, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Tоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Tоҷикистон» ва дигар  санадҳои амалкунанда назорати ҷараёни интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва комиссияҳои поёнӣ вогузор шудааст. 
 
— Оё номзадҳо ба вазифаи президентӣ берун аз мамлакат  байни муҳоҷирон ягон  кор мебаранд?
 
-Қонунгузорӣ  ба номзадҳо ба мансаби Президенти ҶТ чунин ҳуқуқро додааст. Ҳар кадом номзад ҳақ дорад чӣ дар дохили Тоҷикистон ва чӣ берун аз қаламрави ҷумҳурӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо гузаронида, онҳоро бо нуқтаҳои асосии барномаи пешазинтихоботии худ шинос намояд, корҳои тарғибу ташвиқотӣ барад. 
 
Аз фурсати муносиб истифода бурда, аз ҳамаи интихобкунандагон, ки берун аз Тоҷикистон кор ва истиқомат мекунанд, хоҳиш менамоям, ки дар рўзи интихобот ба участкаҳои интихоботӣ омада, ба тарафдории номзади арзанда овози худро диҳанд.
Дар охири суҳбат мехостам аз намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ хоҳиш намоям, то ки бо фаъолияти воқеъбинона ва ҳақиқатнигоронаи худ барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ саҳми шоиста гузоранд.
 
-Ташаккур барои сўҳбат 
 
Бознашр аз рӯзномаи «Муҳоҷир»
 

Октябрь 28, 2013 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд