Афзоиши истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ “Ховар”, Фарзона Ашӯрмадова).-Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 дар доираи корхонаҳои соҳаи ангишт нақшаю чорабиниҳо тартиб дода, дар ин самт мунтазам тадбирҳо меандешад.Тавре ки дар ин бора аз Вазорати энергетика хабар доданд, аз нишондиҳандаҳои 10-моҳаи соли ҷорӣ бармеояд, ки корхонаҳои соҳа дар ин давра истихроҷи ангиштро ба 414 ҳазор тонна расонидаанд ва ин нисбат ба ҷамъбасти соли 2012 зиёд мебошад. Гуфта мешавад, ки фурӯши ангишт дар давраи ҳисоботӣ 360 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Захираи ангишт дар анборҳои корхонаҳои соҳаи ангишт ва нуқтаҳои фурӯш зиёда аз 88,8 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ёдрас мешавем, ки дар айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 162 корхонаи саноатӣ фаъолияташро бо истифода аз ангишт ба роҳ мондааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






