Амалиёти «Донишҷӯ» дар Хатлон

Октябрь 25, 2013 10:41

Кӯрғонтеппа, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон аз 21 то 31 октябри соли ҷорӣ амалиёти «Донишҷӯ» — ро роҳандозӣ менамояд. Мувофиқи суханони нозири калони давлатии автомобилии гуруҳи ташвиқу тарғиби Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон Ёрмаҳмад Давлатов, мақсад аз рӯи кор овардани амалиёт коҳиш додани садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки ҷавонону наврасон аст. Чанде пеш кормандони Бозрасии давлатии автомобилии вилоят ҳодисаҳои барои машғулият бо нақлиёти шахсӣ ба Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ҳозир шудани чор нафар донишҷӯёнро ошкор намуданд. Ёрмаҳмад Давлатов ҳамчунин зикр намуд, ки Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон роҳбарияти донишгоҳи мазкурро аз ин ҳодисаҳо огоҳ мекунад. Аз оғози амалиёти «Донишҷӯ» дар роҳҳои вилоят 281 садамаи нақлиётӣ рух дода, бар асари онҳо 121 нафар ҳалок гардида, 305 нафар ҷароҳат бардоштаанд.Аз ҷумлаи шумораи умумии садамаҳои нақлиётӣ дар 8 маврид ин ҳодисаҳо бо иштироки ҷавонону наврасон рух додаанд.

Октябрь 25, 2013 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш