Баррасии қонуни забон дар Вазорати энергетика

Октябрь 2, 2013 12:54

Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар» Фарзона Ашӯрмадова).- Имрӯз, 2-юми октябр дар Вазорати энергетика ва саноати кишвар ҷамъомади ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид.Тавре ки дар ин бора аз Вазорати эенергетика ва саноати кишвар хабар доданд, дар ҷамъомад кормандони вазорат, намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати кишвар ва Пажуҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон иштирок доштанд.Ба иттилои манбаъ, дар нишаст иштирокчиён оид ба тадбиқи Қонуни забони давлатӣ ва риояи он дар идораву корхонаҳои давлатӣ маърӯзаҳо намуданд.

Октябрь 2, 2013 12:54

Хабарҳои дигари ин бахш