Баррасии ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар Кӯлоб

Октябрь 7, 2013 14:59

Кӯлоб,  7  октябр. (АМИТ «Ховар», Ф.Мадаминов). –  Дар  ҳукумати  шаҳри  Кӯлоб  бо ташаббуси  Ваколатдор оид  ба  ҳуқуқи   инсон  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  семинари  омӯзишӣ   оид  ба татбиқи  тавсияҳои  Шӯрои  СММ  гузаронида  шуд. Дар  семинар  намояндагони  ҷамоатҳои   деҳоти   шаҳр,  муассисаҳои  тобеи  ҳукумат  ва  ташкилотҳои ғайридавлатӣ  иштирок   намуданд. 
Мақсад  аз  гузаронидани   семинар  ин  шиносоии  пурра бо  ҳуқуқҳои  инсон ва  беҳтар   намудани  қонунгузорӣ  ва  ҳифзи  ҳуқуқи   ҳар  як   шаҳрванд  дар  ҳудуди  ҷумҳурӣ  ва берун  аз он,  махсусан  оид ба  муҳоҷирати  меҳнатӣ  буд. 
 
 
 
 
 

Октябрь 7, 2013 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш