Беш аз се сол дар қатора…
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Талабшо Холиқзод -узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Конфедератсияи байналмилалии журналистон. Аълочии матбуоти ҶТ, муаллифи панҷ китоб, аз ҷумла «Тоҷикон дар Русия» (с 2003, 2009). Аз соли 2001 то имрўз ба 856 шаҳру ноҳияи Федератсияи Русия аз тариқи 503 қатора, дар муддати 1107 шабонарўз, баробар ба 3 солу 12 шабонарўз сафар кардааст. 27 сентябр дар Иттифоқи журналистон 35-солагии фаъолияти журналист Талабшо Холиқзод баргузор гардид. Зимни баргузории он хабарнигори мо бо ин журналисти шинохта мусоҳиб гардид, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем:-Мақсади сафари Шумо ба Русия чӣ буд?-Сабаби асосии ба Русия сафар кардани ман- ин бо зиндагии муҳоҷирон аз наздик ошно гардидан буд. Солҳои 2000-2001 муҳоҷирон аз Русия баргашта, дар бораи азобҳои кашида, мушкилоти кору зиндагӣ дар Русия нақл мекарданд. Ман, ки журналист будам, нақлу мусоҳибаҳои онҳоро дар рўзномаҳои «Чархи гардун», «Адабиёт ва санъат» ва «Ҷавонони Тоҷикистон» нашр мекардам. Тавре ки мегўянд, ҳар чизеро ба чашм набинӣ, он боварибахш нест. Аз ҳамин сабаб ният кардам, ки худ ба Русия рафта, ҳар он чизе, ки ба чашм мебинам, онро менависам. Соли 2001 аз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон роҳхат гирифтам ва сафари худро аз шаҳри Маскав оғоз намудам. Аз соли 2001 то 2013 ба 856 шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия сафар карда, дар беш аз 700 хонаи муҳоҷирони тоҷик меҳмон будам. Баъдан ба бозору корхонаҳо, заводу фабрикаҳо, беморхонаҳо, ки дар он ҷо муҳоҷирони тоҷик кор мекарданд, рафта, аз наздик бо онҳо ҳамсуҳбат шудам. Онҳо бо ман мусоҳиба мекарданду мусоҳибаҳо дар рўзномаҳои фаъоли Тоҷикистону Русия нашр мешуданд. Соли 2003 қисми аввали китоби ман «Тоҷикон дар Русия» нашр шуд. Пас аз нашри китоб ман боз аз 596 шаҳру ноҳия дидан намуда, соли 2009 қисми дуввуми китобамро навишта, дар Тоҷикистон ба табъ расонидам. Пас аз ин боз қариб 300 шаҳри дигарро тай карда, акнун мехоҳам, қисми сеюму чоруми китобро чоп кунам. -Каме дар бораи китобҳоятон маълумот медодед.-Муҳтавои китоб аз рўзгори муҳоҷирон буда, дар он шебу фароз, талхиву шириниҳои зиндагии онҳо дар муҳоҷират нақл шудааст. Ба ҷойҳое сафар кардам, ки тоҷикон ҳама якҷоя зиндагӣ мекунанд, масалан, дар ноҳияи Ромашкии вилояти Твер зиёда аз 70 оилаи тоҷик зиндагӣ мекунад. Инчунин дар Красноярск оилаҳои тоҷик замин гирифта, як қишлоқи тоҷикӣ ташкил намуда, онҷо муқим шудаанд. -Вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия чӣ тавр аст?-Вазъи муҳоҷирони тоҷик вобаста ба худи муҳоҷир ҳам ҳаст, гўем хато намекунем. Агар сатҳи забондонӣ, муттаҳидшавӣ, ҳурмати фарҳангу миллатҳои дигар, касбият бошад, ягон муҳоҷир хор намешавад. Намедонам, аз чӣ бошад, вақтҳои охир ихроҷу берункунии муҳоҷирон бештар мушоҳида мешавад. Аз ин сабаб руҳафтодагии мухоҷирон ба чашм мерасад, ки озодона ба кор рафта наметавонанд, бо як тарс сафар мекунанду доим дар тарсу ҳарос кор мекунанд. Лекин ба ин нигоҳ накарда, дар Русия то ҳол муҳоҷирони тоҷик дар ҳама соҳа фаъолият доранд. -Мардуми рус ақида дорад, ки тоҷикон танҳо корҳои дуввумдараҷаву севвумдараҷаро иҷро карда метавонанд. Фикри шумо дар ин бобат чист?Албатта, ин фикр ғалат ва нодуруст аст. Ҳастанд тоҷиконе, ки дар бозору сохтмон кор мекунанд, лекин ҳастанд тоҷиконе, ки мансабҳои баландро ишғол кардаанд. Масалан, дар худи вилояти Ленинград 31 нафар доктору номзадҳои илми тиб кору зиндагӣ мекунанд, ки аксарашон мудирони шуъбаҳо мебошанд. Дар вилояти Уляновск ман бо саркардиологи беморхонаи Уляновск Ҳомид Ҳомидов шинос шудам, ки яке аз ҷарроҳони беҳтарини Русия ба ҳисоб меравадМан ба тарафҳои Қафқоз ҳам сафар кардам, дар ноҳияи Уст-ҷегутинскии ҷумҳурии Карачаево -Черкес ҳамватани мо полковник Давлат Файзов ба сифати сардори шуъбаи корҳои дохилӣ кор карда, 213 корманди милисаро роҳбарӣ мекунад. Дар Хабаровск як тоҷик Раҳмоналӣ Давлатов корхонаи нонпазии калон дорад, ки мағозаҳои шаҳрро бо маҳсулоти корхонааш таъмин мекунад. Дар Русия инчунин варзишгарони номии тоҷик зиёд ҳастанд. Аввали соли 2013 дар Уфа будам, ду писари ҳамватани мо Қиёмиддин Икромов устодони варзиш оид ба самбо ва дзюдо мебошанд. Писари калониаш Эшонхоҷа, инчунин дар донишгоҳи тиббӣ таҳсил карда, ординатураро хатм намуда, ҳоло дар шуъбаи аспирантура мехонад ва ҳамзамон дар шуъбаи ҷарроҳии бемористони шаҳри Уфа кор мекунад. Писари дуввумаш низ донишгоҳи олиро бо тахассуси ҳуқуқшинос хатм намудааст. -Тавре ки мушоҳида мекунем, дар ВАО-и Русия мавоои танқидӣ нисбат ба муҳоҷирони тоҷик хеле зиёд нашр мешаванд. Ҳарчанд дар Федератсияи Русия мардуми дигар кишварҳо низ муҳоҷиранд, вале мутаассифона, тамоми ҷиҳатҳои бади муҳоҷират ва ҷинояткориҳоро ба муҳоҷирони тоҷик бор мекунанд. Сабаби ин муаммо дар чист?-Ман низ дар ин 12 сол чунин ҳолро бисёр мушоҳида кардам. Намедонам ин чӣ сиёсат аст, вале бештари маводи нашршуда туҳмат аст. Аз чӣ сабаб бошад, агар ягон ҷинояткорӣ ё ягон камбудӣ аз тарафи муҳоҷирони дигар давлатҳо содир шавад, онро, албатта, ба номи бечора тоҷик менависанд. Ҳолатҳое буданд, ки мо рафта бегуноҳии муҳоҷирони тоҷикро исбот мекардем, вале кор аллакай аз сар гузаштаву номи тоҷик сиёҳ шуда буд. Тоҷикон кўшиш мекунанд бо меҳнати ҳалол кор кунанд, то ризқу рўзӣ ёбанд. Камбудии кори мо дар он аст, ки мо дар Русия ҳуқуқшиносони хуб надорем. Бояд ҳар як ҷамъият ҳуқуқшинос дошта бошад, то ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷиронро дар вақти зарурӣ ҳимоя намояд. Албатта, ҳоло бисёр ҷамъиятҳову шахсони алоҳида кўшиш доранд, то ин масъала ҳалли худро ёбад. Имрўз дар зиндонҳои Русия тоҷикони зиёд бегуноҳ зиндонӣ шудаанд. Дар ин масъала нақши телевизиону радио, умуман ВАО-и Тоҷикистон низ калон аст. Аммо, мутаассифона, барномаҳои бахшида ба муҳоҷирону муҳоҷират хеле каманд, ҳол он ки бештари муҳоҷирони тоҷик ин барномаҳоро аз тариқи маҳвора дар Русия тамошо мекунанд. Агар дар ВАО мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ бештар инъикос гарданд, журналистон тамоми паҳлуҳои муҳоҷиратро дақиқ баррасӣ намоянд, кори муҳоҷирон хеле осон мегардаду худи муҳоҷирон аз ин дастгириҳо шерак мешаванд. Агар журналистон ҳамаи танқидҳоро таҳқиқ карда, дар ВАО исбот кунанд, дар оянда чунин ҳол камтар рух медиҳад. -Тибқи маълумотҳои оморӣ имрўз муҳоҷирон аллакай баробари мардуми таҳҷоӣ маош мегиранд. Оё ин иттилоъ далел дорад?Албатта, ин иттилоъ ҳақиқат дорад. Агар 5-6 сол пеш муҳоҷир 8-10 ҳазор рубли русӣ маош мегирифт, имрўз вай аз 30 ҳазор рубл ҳам зиётар ба даст меорад. Албатта, ба шарте, ки ҳуҷҷати кору патент ва шартномааш дуруст бошад. Мушкилоти мо дар он аст, ки тоҷикони мо соддаву зудбоваранд ва ба доми қаллобон зиёд меафтанд. Бадии кор дар он аст, ки боз тоҷикон худ миёнарав шуда, ҳамватанони худашонро фиреб мекунанд. -Шумо дар Русия чанд муддат рўзнома низ нашр намудед. Дар бораи фаъолияту вазифаи рўзнома гап мезадед. -Мо соли 2012 дар шаҳри Омск рўзномаи «Содружество таджикистанцев»-ро нашр намудем. Он қариб 6 моҳ фаъолият карда, бо ду забон чоп ва қариб дар тамоми шаҳрҳои Русия паҳн мешуд. Дар он мо ҳаёти тоҷикони Русия, ҷашну маросимҳои миллиамон ва шеърҳои ҳамватанони бурунмарзиамонро нашр мекардем. Ҳоло рӯзнома аз фаъолият бозмондааст. Сабаби баста шудани рўзнома носозгорӣ байни ҷамъиятҳо буд. Рўзнома аз тарафи ҷамъиятҳо маблағгузорӣ мешуд, вақте роҳбарони ҷамъиятҳо нав шуданд, рўзномаро низ бастанд. -Имсол бо кадом мақсад ба Тоҷикистон баргаштед?Ман қисми чоруми китобамро навишта, имсол омадам, то онро дар ин ҷо ба табъ расонам. Ният дорам қисмҳои сеюм ва чорумро нашр намоям. Қисмҳои сеюм ва чоруми китоб ба фикрам, аз ду қисми аввала ба кулл фарқ мекунанд, зеро дар ин муддат ман таҷрибаи бой пайдо намудам. Дар ин қисмҳо ман боз аз фаъолият, зиндагӣ, лаҳзаҳои фаромўшнашавандаи ҳаёти муҳоҷирон навиштаам. Бояд гўям, ки дар ин 12 сол ман низ ба мушкилоти зиёд дучор шудам. Солҳои аввал ман хонаамро фурўхта, аз маблағи худ ба Русия сафар кардам ва дар ин солҳо бисёр сахтиҳоро паси сар намудам. -Рўзҳои наздик 35-солагии фаъолияти эҷодиатонро ҷашн гирифтед. Оё дар ин 35 сол ҳамаи нақшаҳоятонро амалӣ намудед?-Бале, бояд хотиррасон кунам, ки бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон 35-солагии фаъолияти эҷодии банда баргузор гардид, ки ман аз ин сипосгузорам. Бояд ошкоро гўям, ки нияти ба Русия рафтанро надорам. Ҳама он нақшаҳое, ки доштам, амалӣ намудам. Танҳо мехоҳам, қисмҳои боқимондаи китобҳоямро дар ватан ба нашр расонда, пешкаши хонандагон намоям. — Ташаккур барои суҳбат.Мусоҳиб Л.Қосимова








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






