Боздиди нозирони САҲА аз Тавилдара

Октябрь 23, 2013 11:22

                 Душанбе, 23 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Омодагӣ ҷиҳати баргузории интихоботи қарибулвуқуи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тавилдара, ки яке аз навоҳии дурдасти куҳистон дар шарқи кишвар аст,  дар сатҳи баланд ва муташаккилона ба роҳ монда шудааст, гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Сафарбек Шарифов -раиси ҳавзаи интихоботии Тавилдара №12. Мавсуф зикр кард, ки  дар ҳавзаи интихоботӣ беш аз 10 нафар, ки кормандони бахшҳои гуногуни ноҳияанд,  фаъолият доранд. Дар ноҳия  37 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст, ки дар онҳо тамоми шароит барои иштироки интихобкунандагон дар интихоботи Президентӣ, ки 6 ноябр баргузор мегардад,  фароҳам оварда шудааст.
          Теъдоди интихобкунандагон дар ноҳияи Тавилдара  9 ҳазору 595 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 1248 нафар бори аввал дар интихобот иштирок менамоянд. Ҳамзамон 1176 нафар сокинони ноҳия, ки дар муҳоҷирати меҳнатианд дар хориҷи кишвар раъй хоҳанд дод.
           Раиси  ҳавзаи интихоботии Тавилдара №12  мегӯяд, ки чанде пеш ду мушоҳиди дарозмуддат аз Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/ — Ханс Дисет ва  Бенте Расмуссен /Дания/  аз ҳавза ва участкаҳои интихоботии ноҳия боздид намуда, бо шароит ва сатҳи омодагии ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ шинос гардиданд. 

Октябрь 23, 2013 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш