Боздошти гуруҳи муташаккили ҷиноятии байналмилалӣ
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Иқтисодиёт яке аз соҳаи муҳими хоҷагии халқ буда, кафили ҳаёти осоиштаи мардум, асоси зиндагӣ ва шукуфоии ҳар як давлат маҳсуб меёбад. Иқтисодиёти рӯ ба инкишофи Тоҷикистони тозаистиқлол, дар баробари шарикони хайрхоҳу боэътимод, зери таваҷҷуҳи хосаи бадхоҳон низ қарор гирифтааст.Ворид сохтани зарари ҷиддӣ ба иқтисодиёт яке аз роҳҳои фаъолияти тахрибии душманон мебошад, ки метавонад таъсири манфии худро ба соҳаҳои мухталиф расонад. Таҳлили маълумотҳои воридгардида аз он шаҳодат медиҳад, ки аз ҷониби шаҳрвандони кишварҳои африқоӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Камерун гуруҳҳои муташаккили ҷиноятии байналмиллалӣ таъсис ёфта, озими ҷумҳурӣ мегарданд. Сипас бо мақсади расонидани зарар ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва паст задани эътибору нуфузи он дар арсаи байналмиллалӣ ба ҷиноятҳои қаллобӣ ва марбут ба гардиши асъори қалбакии хориҷӣ даст мезананд.Чунончӣ, моҳи августи соли равон дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти оперативӣ дастрас карда шуд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Камерун Диегу Эрик Силвиан, соли таваллудаш 1979 ва Нангу Нугону Криштиану Симплис, соли таваллудаш 1978, истиқоматкунандагони шаҳри Яундии Ҷумҳурии Камерун вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда, ба қаллобӣ даст заданд.Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин ашхоси ҷиноятпеша дар ҳудуди шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд худро ҳамчун шаҳрвандони Фаронса бо номҳои Бэнтон ва Криштиано муаррифӣ намуда, якчанд сокини кишварро ҷиҳати тайёр кардани миқдори калони асъори қалбакӣ (дар ҳудуди 1-2 миллион доллари ИМА) истихдом кардаанд. Номбурдагон гӯё бо истифода аз доруворӣ ва қоғазҳои махсус аз рўи технологияи алоҳида аз 1 адад банкнотаи доллари ҳақиқӣ 2 адади қалбакиии онро омода мекардаанд. Санаи 25-уми августи соли ҷорӣ шаҳрвандони мазкури Камерун Диегу Эрик Силвиан ва Нангу Нугону Криштиану Симплис ҳангоми як амалиёти қаллобиашон дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони фаврии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир карда шуданд, ки қасд доштанд сокини пойтахтро ба маблағи 50 ҳазор доллари амрикоӣ фиреб намоянд. Зимни азназаргузаронӣ муайян гардид, ки шаҳрвандони хориҷӣ махсус омодагӣ дида, бо роҳи фиреб воситаҳои кимиёвӣ ва ашёҳои заруриро омода кардаанд Онҳо ният доштанд, ки бо баҳонаи таҳияи асъори қалбакӣ маблағҳои калони пулиро аз шаҳрвандони Тоҷикистон дарёфт намуда, сипас ҳудуди ҷумҳуриро тарк кунанд.Қайд кардан зарур аст, ки чанде пеш низ аз тарафи кормандони КДАМ ҶТ Зегнан Тагуелеке Чарли Патрик, шаҳрванди Камерун ва Диалло ал-Ҳасан, шаҳрванди Гвинея, ки дар ҳудуди ш.Душанбе ба ин қабил ҷинояти қаллобӣ даст зада, гӯё ба омода намудани асъори қалбакии хориҷӣ (долларҳои амрикоӣ ва евро) машғул буданд, боздошт шуданд.Идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебоист ҳангоми судури раводид ба чунин афрод, ки аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ маҳсуб гардида, дар ҷустуҷўи байналмилалӣ қарор доранд, тартибу қоидаҳои мавҷудаи санадҳои меъёриро риоя намоянд. Дар асоси маводи ҷамъовардашуда нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Камерун Диегу Эрик Силвиан ва Нангу Нугону Криштиану Симплис бо дастрасии моддаҳои 36 қисми 2 ва 247 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ҳар ҷинояте, ки бар зидди сохтори конститутисонӣ ва бо мақсади расонидани зарар ба иқтисодиёти кишварамон аз тарафи гурўҳҳои муташаккили ҷиноятпеша содир мегардад, бе ҷазо нахоҳад монд. Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки агар пештар ба доми фиреби ин нафарон афтода бошанд, ба телефонҳои боварии КДАМ ҶТ 221-37-37, 227-37-37 хабар расонанд. Махфият кафолат дода мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






