Бузургдошти академики барҷаста
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ “Ховар”, Раъно Нусратуллоева).-Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дирӯз, 25-уми октябр бахшида ба 90-солагии академики Академияи илмҳои педагогии ИҶШС, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, олими барҷаста Иброҳим Обидов таҳти унвони «Самтҳои асосӣ ва раҳёфти навин дар таҳқиқи масъалаҳои педагогӣ ва низоми таҳсилоти муосир» конфронси илмию назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он олимони намоёни мамлакат ширкат варзиданд.Тавре ки котиби матбуотии донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, дар ҳамоиш ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов перомуни зиндагӣ ва фаъолияти ин донишманди соҳаи педагогика изҳори андеша кард. Мавсуф таъкид дошт, ки хидматҳои И.Обидов барои илми тоҷик ниҳоят зиёд буда, шоистаи қадршиносӣ мебошанд. Маҳз бо ибтикори ӯ моҳи октябри соли 1979 дар назди Донишгоҳи омӯзгорӣ Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои педагогика ва аз соли 1995 Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти унвони доктори илмҳои педагогӣ таъсис ёфт ва ҳамзамон, И.Обидов тӯли солиёни зиёд раисии ин шӯроҳоро бар зимма дошт. Зери роҳбарии ин олими варзида 127 нафар рисолаҳои номзадӣ ва доктории хешро дифоъ намудаанд.А.Раҳмонов ҳамчунин зикр кард, ки И.Обидов барои хидматҳои шоён дар назди давлат бо 3 орден, 26 медал ва 36 ифтихорнома сарфароз шуда, унвони фахрии «Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро соҳиб буд.Дар ҷамъомад шогирдону ҳамкорони марҳум Иброҳим Обидов аз замони ҳамкорӣ бо ӯ хотироти рангини хешро қисса карданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






