Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Октябрь 9, 2013 16:37

 
      Изҳороти ВКХ ИМА 
 
  Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Ҷониби ВКХ ИМА изҳор доштааст, ки вазири корҳои хориҷии ҶИЭ тарҳеро ироа кардааст, ки дар сурати иҷро метавонад тайи як сол нигарониҳои байналмилалиро дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон бартараф намояд.                       
Баррасии силоҳи кимёвии Сурия
 
 Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Хабаргузории Рейтерз иттилоъ додааст, ки эҳтимол гуруҳи коршиносони  СММ фаъолияти худ дар бораи силоҳи кимиёвии Сурияро аз рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда оғоз намояд.
Таъкиди муовини вазири КХ ФР 
 
  Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Муовини вазири корҳои хориҷии ФР таъкид кардааст, ки бархе аз кишварҳои узви НАТО  талош мекунанд, ки ҳаводиси дар Либия рух дода дар Сурия низ такрор шавад.
67  нафар ба ҳалокат расиданд
 
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Аъзои гуруҳи террористии «Ал-Шабоб»-и Сомалӣ дар Кения ҳамлаи навбатӣ анҷом доданд. Пеш аз ин ҳамла аъзои гуруҳи мазкур  ба як Маркази савдои шаҳри Найробии Кения ҳамла оварда, 200 нафарро гаравгон гирифта  буданд. Зимни амалиёти раҳо намудани асирон   дар натиҷаи задухӯрди   мусаллаҳона 67  нафар ба ҳалокат расиданд.
 
ВКХ ҶИЭ  ва гуруҳи 5+1ИА
 
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар»).-ВКХ ҶИЭ  ва гуруҳи 5+1 бо иштироки Кетрин Эштон. масъули сиёсати хориҷии ИА тайи як соат пушти дарҳои баста  дар  шаҳри Ню Йорк бо ҳам музокирот  намуданд. Тибқи иттилоъ дар ин нишаст, вазири корҳои хориҷии Эрон дар бораи омодагии ҷониби Эрон барои анҷоми музокироти ҳадафманд дар чаҳорчӯби замони мушаххас, перомуни масъалаи барномаи ҳастаӣ изҳор дошааст, ки: «Агар воқеиятҳои Эрон дар мадди назар қарор гиранд, масъалаи барномаи ҳастаӣ қобили ҳал мебошад. Музокироти навбатии ин гуруҳ 15-16 октябри соли равон дар Женева баргузор хоҳад гашт.    
 
Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Октябрь 9, 2013 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш