Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Изҳороти Президенти Украина Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Украина Виктор Янукович изҳор доштааст, ки омода аст, санадеро имзо кунад, ки дар асоси он собиқ сарвазири ин кишвар Юлия Тимошенко, ки дар маҳбас қарор дорад, метавонад озод бигардад ва барои табобат ба хориҷ сафар кунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки агар парлумони кишвар онро ба тавсиб расонад. Задухурд дар СурияДушанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Дираъи қисми ҷанубии Сурия яке аз фармондеҳони асосии гуруҳи мухолифин Ясир ал-Абуд ҳангоми задухўрд бо неруҳои давлатӣ ҳалок гардид. Дар ин бора расонаҳои хабарии Сурия иттилоъ доданд. Мувофиқи иттилои манбаъ Ясир ал-Абуд қаблан дар ҳайати низомиёни Артиши миллии Сурия адои вазифа мекард. Баъди сар задани нофаҳмиҳо дар мамлакат номбурда ба гуруҳҳои силоҳбадаст пайваст.Ширкати «Пежо» саҳмияҳояшро мефурӯшадДушанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Ширкати «Пежо»-и Фаронса нақша дорад, ки 30 дарсади коғазҳои қиматноки худро ба фурўш барорад. Роҳбари коргоҳи мошинбарории «Дон хенг-мотор»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин тасмим гирифт, ки саҳмияҳои ин ширкати мошинсозии Фаронсаро харидорӣ намояд. Қарордодро дар бораи хариду фурўш коршиносони ширкатҳои номбурда дар ҷаласаи пўшидаи «Пежо» муҳокима хоҳанд кард. Ширкати «Пежо» баъди коҳиши талаботи мизоҷон ба мошинҳои корхона дар бозори Аврупо барои ба савдо баровардани саҳмияҳои худ иттилоъ дод. Вазъияти маҳбусон дар НигерияДушанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки расонаҳои хабарии Аврупо менависанд, дар зарфи 10 моҳи соли равон дар маҳбасҳои Нигерия 950 зиндонӣ ба ҳалокат расидааст. Тибқи таҳлили коршиносон сабаби аслӣ ин даст ба гуруснагӣ задани онҳо ва ё муноқишаҳо дар байни худи маҳбусон мебошад. Боздошти фаъолияти сафорати Олмон дар КобулДушанбе, 29 октиябр. (АМИТ «Ховар»).-Ба иттилои BBC Олмон фаъолияти сафорати худро дар шаҳри Кобул мувақатан боздоштааст. Мувофиқи иттилои расида, сабаби аслии ин иқдом, таъмини амнияти бехатарӣ нисбат ба дипломатҳои олмонӣ дар Афғонистон будааст, зеро тибқи маълумоти расида эхтимоли ҳамла ба кормандони сафорат аз ҷониби гуруҳи Толибон вуҷуд дорад.Боздошти хатсайри ҳавопаймоҳои ЯпонияДушанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Бештар аз 450 хатсайри ҳавопаймоҳои Япония бинобар наздик шудани тўфони «Випха» мавқуф гузошта шуд. Ин бузургтарин тўфон тайи даҳ соли охир дар ин кишвар дониста шудааст. Бояд гуфт, ки бар асари ин ҳодиса бештар аз 25 нафар сокинони Япония ба ҳалокат расидаанд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






