Чанд посух перомуни «хоҳиш ва талаб»-и бебунёди Р.Зойиров

Октябрь 5, 2013 17:42

Санаи 4-уми октябри соли 2013 дар сомонаи Хабаргузории «Озодагон» — ozodagon.com хабаре нашр шудааст, ки мувофиқи он Р. Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо пахши як изҳорот пешниҳоди номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми президентӣ «инкор ва шикасти Сарқонун» номидааст. Зойиров дар ин изҳороти худ гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълии Тоҷикистон дигар ҳаққи номзад шудан ба мақоми президентиро надорад. Мавзуи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавре ки аз таҳлили мазмуни аксари нашрияҳои ғайридавлатӣ ва сомонаҳои дахлдори шабакаи ҷаҳонии Интернет ба назар мерасанд, на яксолу ду сол аст, ки ба масъалаи марказии эҷодиёти Р.Зоиров мубаддал гаштааст. Мавсуф солҳои дароз аст, ки пайи ҷустуҷӯйи «кадом ҳақиқате» азият мекашад. Аз чӣ бошад, ки номбурда барои дарёфти ҷавоб ба масъалаҳое, ки аз тариқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда кайҳо боз ҳалли мусби худро пайдо кардаанд, заҳмат мекашад. Ҳол он ки, ҳикмате ҳаст, ки «барои шахси доно як ишора кофист». Раҳматилло Зоиров, ки яке аз «чеҳраҳои шинохтаи илми ҳуқуқ» ва «шахсияти маъруфи сиёсӣ» шинохта шудааст ва табиист, ки ба умқу мазмуни бисёр масъалаҳои мураккаби ҳуқуқӣ ба осонӣ сарфаҳм меравад, чаро ки наметавонад бо муқаррароти интиқолии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созиш биояд. Ҳол он ки дар банди сеюми муқаррароти интиқолии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки: «Интихоботи пай дар пайи Президент барои ду мӯҳлат, ки дар қисми чоруми моддаи 65 пешбинӣ шудааст, баъд аз ба охир расидани ваколати Президенти амалкунанда оғоз меёбад». Дар моддаи 65 омадааст, ки як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Аз мазмуни ин муқаррарот чунин бар меояд, ки шахсе, ки соли 1999 ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст, пас аз анҷоми муҳлати ваколаташ (баъд аз гузаштани муҳлати 7-сола) метавонад номзадиашро барои интихоб шудан ба мансаби Президент барои ду мӯҳлати минбаъда пешниҳод намояд. Ба назари мо ин қисмат аз ин беш дигар мазмуне надорад. Ё шояд мо то андозае қудрати эътимоднок боварибахши шарҳ додани мазмуну моҳияти ин муқаррароти конститутсиониро надошта бошем. Пас агар чунин бошад, Раҳматилло Зоирови муҳтарам метавонед барои возеҳу рушан гаштани масъала аз муқаррароти интиқолии «Тафсири илмию оммавии Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон», ки соли 2009 рӯйи чоп омадааст, истифода намоед. Дар Тафсир, ки бо заҳмати олимони маъруфи ҳуқуқшинос ва мутахассисони варзидаи амалияи ҳуқуқ омода шудааст, меъёрҳо ва муқаррароти Конститутсия барои доираи васеи аҳолӣ шарҳ дода шудаанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар сурати мувоҷеҳ гаштан ба мушкилиҳо ва ба таври дахлдор дарк карда натавонистани мазмуну моҳияти меъёрҳои Қонуни асоси кишвар, метавонанд ба таври фаровон аз муқаррароти ин тафсир истифода баранд. Дар он мазмуну моҳияти масъалаи тафсиршаванда чунин шарҳ дода шудааст: «Ин меъёри муқаррароти интиқолӣ муайян менамояд, ки Президенти амалкунанда метавонад дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намояд». Аз ин рӯ, бо назардошти ҳолати ҷойдошта бояд қайд намуд, ки пешниҳоди номзадии Эмомали Раҳмон ба мақоми президентӣ бо назардошти риояи тамоми муқаррароти Қонуни асосии кишвар роҳандозӣ шуда, ба ҳеҷ ваҷҳ ин амал наметавонад, ки «инкор ва шикасти Сарқонун» бошад. Номзадии Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти риояи тамоми шартҳои пешбининамудаи қонунгузории амалкунанда барои интихоб шудан ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷӣкистон пешниҳод шудааст. Ба назар чунин мерасад, ки Шумо асли воқеаро кайҳост, ки хуб дарк кардадед, вале намехоҳед ки онро эътироф намоед. Барои эътирофи он ба Шумо ҷавонмардиро орзумандем. Мавсуф ҳамзамон даъво дорад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар кори Анҷумани ҳизб иштирок надошт ва интихоби номзадии ӯ дар ғайбаш сурат гирифтааст. Бинобар ҳамин ба он назар аст, ки аз тарафи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон амали ғайриконститутсионӣ содир шудааст. Мувовиқи муқаррароти моддаи 1-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21-уми июли соли 1994, таҳти №1043 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш аз 35 кам нест, забони давлатиро медонад, камаш 10 соли охир дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, дорои ҳуқуқи интихоботӣ мебошад, Президент интихоб шуда метавонад.Гузашта аз он, дар қисми дуюми моддаи 24-и қонуни мазкур омадааст, ки номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Қонуни конститутсионӣ ба қайд гирифта шудаанд, Федератсияи иттифоқхои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон даранҷуманҳо, конференсияҳои онҳо мувофиқи оиномаашон ва маҷлисонивакилони халқии маҳаллӣ пешбарӣ карда мешаванд. Қонунгузори амалкунандаи Тоҷикистон ҳеҷ гуна маҳдудиятро барои иштирок доштан ва ё надоштани номзад ба мансаби Президентро дар кори анҷуман ва ё конференсияи ҳизбҳои сиёсӣ пешбинӣ накардааст. Дар моддаи 24-и Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти ҶТ» расмиёти пешбарӣ намудани номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст. Аз моддаи мазкур муқаррароте барнамеояд, ки номзад ба мансаби Президенти ҶТ пешбаришаванда ҳангоми пешбарӣ намудани номзадии ӯ дар анҷуман ҳатман бояд иштирок намояд. Гузашта аз ин, дар сархати 9-и моддаи мазкур омадааст: «Қарор дар бораи пешбарӣ намудани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар муҳлати на дертар аз се рӯз баъди қабул кардани он фиристода мешавад. Дар бораи қарори қабулкардашуда ба номзад ба муҳлати на дертар аз ду рӯз хабар дода мешавад». Ба самъи Зойиров мерасонем, ки аз мазмуни муқаррароти овардашудаи Қонуни конститутсионӣ бармеояд, ки субъекти пешбарикардаи номзад ба мансаби Президенти ҶТ бояд дар давоми ду рӯз номзади пешбаришударо аз қарори худ хабардор намояд. Яъне пешбарии номзад ба мансаби Президенти ҶТ дар ғойибиаш комилан имконият дорад ва пурра ба талаботи Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти ҶТ» мувофиқат мекунад. Бояд гуфт, ки ду иттиҳодияи ҷамъиятии дигар – Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ки мувофиқи қонун ҳуқуқи пешбарӣ намудани номзадро ба мансаби Президенти ҶТ доранд, аз ин ҳуқуқи худ истифода намуда, номзадии Эмомалӣ Раҳмонро маҳз дар ғойибии ӯ пешбарӣ карда, нусхаи қарори қабулкардаашонро ба ӯ ирсол намуданд. Айни ҳол субъектони номбурда мувофиқи қонун аз пайи ҷамъ намудани имзоҳо ба тарафдории номзади пешбарикардаашон мебошанд. Тавре, ки шаҳрвандони Тоҷикистон хабар доранд рузи 4-уми октябри соли ҷорӣ беш аз ҳазор вакили Анҷумани 11-уми Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон номзадии Президенти амалкунандаи кишвар ва раиси феълии ин ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар интихоти қарибулвуқӯъ пешбарӣ намуданд. Бинобар ҳамин лозим ба қайд аст, ки фаъолияти Ҳизби халқӣ-демоктратии Тоҷикистон дар мавриди пешбарии номзадии Эмомалӣ Раҳмон пурра дар доираи санадҳои меъёрии амалкунандаи Тоҷикистон сурат гирифтааст. Дар сурати акс Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳуриии Тоҷикистон ҳангоми ошкор намудани қонуншиканӣ ва риоя нашудани тартиботи мавҷудаи пешбарии номзадҳо метавонад номзадҳоро ба қайд нагирад. Раҳматулло Зоирови муҳтарам. Агар манзури Шумо аз гуфтаю навиштаатон пешбари накардани номзадии Эмомали Раҳмон бошад, пас аз Шумо суол карда мешавад, ки чаро Шумо номзадиатонро барои интихоб шудан ба ин вазифаи олии давлатӣ пешбарӣ накардед. Ҳол он ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии номзадҳоро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд накардааст. Гузашта аз ин ҳамчун раиси ҳизб Шумо имкони муносиби пешбарии номзадиатонро доштед. Дар чунин маврид агар мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон ба Шумо эътимоду боварӣ медошт, пас беихтиёр ба тарафдориатон овоз медод. Вале ба назар чунин мерасад, ки Шумо хуб эҳсос ва дарк кардаед, ки то кунун кори шоиставу наҷиберо ба манфиати давлату миллат ва шаҳрвандони азизу маҳбуби Тоҷикистон анҷом надодаед, то умед ба фардои дурахшон дошта бошед. Бовари ба он низ надоштед, ки лоақал аз ҷониби 5-фоизи интихобкунандагон барои бақайд гирифтани номзадиатон пуштибони пайдо мекунед. Шояд аз дигар ҷиҳат дуруст рафтор кардед, ки номзадии худро барои интихоб шудан пешниҳод накардед. Таърих гувоҳ аст ва воқеият тасдиқ мекунад, ки эҳтимол аст, ки дар тули таърихи давлатдории тоҷикон аз ҷониби сарваре, подшоҳе, роҳбаре беш аз Эмомали Раҳмон — раиси ҷумҳури феълии кишвар хизмату корҳои бештаре ба нафъи пешрафти давлату миллат ва осудагии аҳолии кишвар анҷом дода бошанд. Дар воқеъ дар ҳоли ҳозир дар шароити кунунӣ бо назардошти анҷом додани заҳмату хизматҳои шоиставу арзанда ба нафъи давлату миллати тоҷик Эмомали Раҳмон аз арзандатарин номзад барои интихоб шудан ба мансаби Президенти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Шуморо Р.Зойиров бори дигар гушрас менамоем, ки пешниҳоди номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти ҶТ бешубҳа аз ифодаи олии риояи қонуният ва адолати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб перавад. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи ӯ имрӯз дар Тоҷикистон шароити арзанда барои таъсису фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва гузашта аз ин барои озодандешии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳамин шароити мусоид аст, ки Шумо раисони ҳизбҳои амалкунанда то андозае аз ҷониби афроду ашхос ва ё «созмону ташкилотҳо» ба расмият шинохта шудаед. Пас оё фурсате фаро нарасидааст, ки принсипи рақобати солим ва ойини ҷавонмардиро пешаи худ қарор дода ба нафъи ободии давлат ва беҳдошти вазъи зинадагонии мардуми кишвар амали некеро анҷом бидиҳед. Ба назарамон айни муддаост, ки гуфтаҳои Лоҳутии бузургро, ки фармудааст:Ҳар шаб зи худат бипурс агар ту мардӣ,Ки имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ.сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор бидиҳед. Шояд танҳо пас аз иҷрои панду насиҳатҳои шоири шаҳир тавонед, ки маҳбубияту самимияти бештареро миёни мардум соҳиб гардед. Ҳоло ки барои ин кор хело барвақт аст, аз Шумо даъват карда мешавад, ки сабру таҳаммулро пеша намуда, дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти сиёсии кишвар бетараф наистода дар рӯзи интихобот ҳатман ба тарафдории номзадии арзанда овоз диҳед. Шумо дар масъалаи додани райъи худ комилҳуқуқед ва хуб дарк кардаед, ки танҳо ҳуқуқи як овозро доред. Шояд фаромуш накардаед, ки мо имрузҳо дар арафаи таҷлили солгарди навбатии иди забони давлатӣ қарор дорем. Аз ин рӯ, гиромидошти ҷашни мазкур тақозо менамояд, ки бояд аз асолату ҳастии забон ба таври ҳамешагӣ пуштибонӣ намуда, пеш аз ҳама санъати баёни афкору ақида ва назари хешро назорат ва риоя карда тавонем. Ба Шумо тавсия карда мешавад, ки дар масъалаи интихоби ҷумлаву ибораҳои муносиб ва баёни изҳори акида андозаро риоя намоед. Мабодо ки руйирост, бе ваҷҳу асосҳои қонунӣ эълом доштани ибораи «инкор ва шикасти Сарқонун» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бароятон масъулиятеро ба миён наоварад. То ҷойе, ки иттилоъ доред Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳқири оммавии Президент, ҳамчун шахси мансабдори олии сиесии кишвар ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ кардааст. Барҳақ қайд намудаед, ки мувофиқи қисми дуюми моддаи 42-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.Гузашта аз ин Шуморо зарур аст, ки мавзуи эҷодиётатонро иваз намуда, ба таҳқиқи масъалаҳое сару кор бигиред, ки дар воқеъ барои рӯзгори ҳукуқии мардуми кишвар рузмарра бошанд. Мавзуи интихобот дар Тоҷикистон кайҳост, ки ҳалли худро пайдо намудааст. Имрӯз кам нестанд проблемаҳое, ки таҳқиқу пажуҳиши амиқи илмиро тақозо доранд. Умед дорем, ки «истеъдоду лаёқат»-и Шумо пайи баррасии ин мавзуот муфид хоҳанд буд. Дар урфият гуфтаанд, ки «роҳи каҷ ба мақсад намерасад». Вале нафароне, ки аз ибтидо роҳи ростро пеша карда, дилу нияти худро барои ин сарзамину ин миллат пок гирифтаанд, шабу рӯз дар хизмати мардуманд ва корҳои нодиру бузургеро ба нафъи пешрафти Ватани маҳбубамон анҷом додаанд, яқин донед, ки то абад сарбаланду зафарманд ва комеб хоҳанд буд. Маҳмудов И.Т.,Азизов У.А., Раҷабов М.Н.-Устодони факултети ҳуқуқшиносииДонишгоҳи миллии Тоҷикистон

Октябрь 5, 2013 17:42

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд