Чаро ман ба Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳам?
Душанбе, 17 октябр (АМИТ «Ховар»).-6-уми ноябри соли ҷорӣ муҳимтарин маъракаи сиёсии сол – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ман ифтихор мекунам, ки дар ин раванд масъулияти мушаххасеро бар дӯш дорам – дар қатори 15 нафар шахси боэътимоди номзад ба мансаби президентӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳастам. Баъдан, барои бароварда намудани ин боварии Роҳбари давлат ҷаҳду талош хоҳам кард.Интихоби президент кори сатҳӣ набуда, саҳлангориро намепарастад, зеро аз интихоби мо — шаҳрвандони кишвар, роҳи ояндаи Тоҷикистон мушаххас мегардад, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ барои 7 соли оянда баррасӣ шуда, ба сифати барномаи асосии рушди кишвар қабул мешаванд. Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти шиори «Барои ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» аз барномаҳои номзадони дигар ба куллӣ фарқ мекунад. Ин барномаи меҳварии интихоботи соли 2013 аст. Дар ин бобат мақолаи узви Раёсати КИМ ҲХДТ, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо номи «Масъулият дар интихобот» ҳафтае қабл дар ВАО интишор гардид, ки бе муболиға, беҳтарин таҳлили мавзӯъ буд.Баъдан, бо дарки амиқи нозукии ин масъала бояд бигӯям, ки Эмомалӣ Раҳмон ба мо ниёз надорад. Мо ба ӯ ниёз дорем. Манзурам шахсони боэътимоди номзад аст… Эмомалӣ Раҳмон дар назди худ мақсад гузоштааст, ки барои ҳар як сокини мамлакат — барои ману Шумо зиндагии шоистаро таъмин намояд. Мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз ба чунин зиндагӣ сазовору арзанда ҳастанд. Мо — халқи Тоҷикистон сарнавишти хешро худ муайян менамоем ва бо меҳнати ҳалолу садоқатмандона дастархонамонро пурфайзу бобаракат ва зиндагониамонро пурзиё мегардонем. Бе шак, дар Ватани ободу озод зиндагӣ кардан ҳаққи мост. Ва ин зиндагии ободу кишвари озодро ман бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мебинам! Дар рӯйхати довталабони мансаби президентӣ 6 нафар номнавис шудаанд, вале ман ба Эмомалӣ Раҳмон раъй медиҳам. Чаро?• Иқтисодиёти мамлакат, бо вуҷуди вазъи ногувори иқтисоди ҷаҳонӣ, сол то сол рушд мекунад. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 9,3 миллиард сомонии соли 2006-ум то ба 36,2 миллиард сомонӣ дар соли 2012 расид. Суръати афзоиши солонаи он дар ин давра зиёда аз 7 фоизро ташкил дод, ки ин аз рушди устувори иқтисоди кишвар шаҳодат медиҳад. • Даромади пулии аҳолӣ 4,2 баробар, ҳаҷми пасандозҳо 4,5 ва маоши миёнаи воқеии як корманд 5,5 баробар афзоиш ёфт.• Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет барои соҳаҳои иҷтимоӣ 7 баробар зиёд гардид. Музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа, стипендия, кӯмакпулӣ ва ҷубронпулӣ ба ҳисоби миёна 6 баробар зиёд шуд.Ва дар ин раванд ҳар нафаре, ки мегӯяд барнома ва ваъдаҳои пешазинтихоботии Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2006 то имрӯз иҷро нашуд, ё одам нест ё аз ин олам нест.• Дар натиҷаи сохтмони мактабҳои нав шумораи ҷойҳои нишасти талабагон дар кишвар то 227 ҳазор афзуда, садҳо муассисаҳои тиббӣ бунёд ва таъмиру таҷдид шуданд. Дар маҷмуъ, маблағгузории давлатии соҳаҳои маорифу тандурустӣ 7,2 баробар афзуд.• Дар натиҷаи иҷрои ин Стратегия сатҳи камбизоатӣ то соли 2015-ум то 30 фоиз ва то соли 2020 то ба 20 фоиз коҳиш дода мешавад. Бо татбиқи афзалиятҳои миллӣ иқтисоди мамлакатамон дар соли 2020 беш аз 80 фоиз меафзояд ва пешрафти босуботи Тоҷикистон таъмин мегардад.Банда иқтисодшинос нестам, балки як рӯзноманигор ва олими ҷавонам, вале барои дарки он ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат то соли 2020 ба ҳар сари аҳолӣ то 2 маротиба афзоиш меёбад, маълумоти олӣ зарур нест. Тибқи барномаи пешазинтихоботии Эмомалӣ Раҳмон дар 7 соли оянда даромадҳои воқеии аҳолӣ то 4 баробар зиёд мегарданд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 9,3 миллиард сомонӣ дар соли 2006 то ба 36,2 миллиард сомонӣ дар соли 2012 афзуд. Ин нишондод дар қиёс бо баъзе давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ба маротиб болотар аст. Албатта, шояд маоши мо барои зиндагии шоиста намерасад, вале мо ҳоло дар мавриди афзоиши ММД суҳбат мекунем. Дар 7 соли охир дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи саноати сабук, мошинсозӣ, химия, коркарди маъдан ва металлҳо, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ зиёда аз 2200 коргоҳ ва корхонаи нав бо беш аз 58 ҳазор ҷойҳои нави корӣ сохта ба истифода дода шуд. Агар ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар мамлакат соли 2000 1,4 миллиард сомониро ташкил дода бошад, соли 2012 ин нишондиҳанда ба 9,7 миллиард сомонӣ расидааст. Маблағгузории соҳаи иҷтимоӣ то соли 2020 аз 12 то ба 16 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонида мешавад. Ин имконият медиҳад, ки музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, нафақа ва стпендия дар ин давра аз 2,5 то 3 баробар зиёд карда шавад. Умуман, дар ҳафт соли оянда даромадҳои воқеии аҳолӣ то 4 баробар зиёд хоҳанд гардид. Дар зарфи 10 соли охир дар мамлакат беш аз 1500 мактаби ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои замони муосир бунёд гардидааст. Соли ҷорӣ маблағгузории соҳаи маориф дар ҳаҷми ду миллиарду 131 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин рақам дар муқоиса бо соли 2000 57 баробар зиёд мебошад. Танҳо соли 2012 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 250 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 44 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи умумии 320 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ бошад, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 223 мактаб бо тарҳи замонавӣ ва сифати хуби сохтмонӣ барои 45 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шуд, ки дар ифтитоҳи бештари онҳо Роҳбари давлат иштирок намуда, барои пешрафти илму маориф ба кормандони соҳа дастурҳои мушаххас пешниҳод намуданд.Дар Барномаи пешазинтихобии худ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сифати номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба 10 ҳадафи асосӣ ишора кардааст.Моро 7 соли оянда чӣ интизор хоҳад буд? вобаста ба дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусу ибтикори ҷавонон ва занон, инчунин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ ва нақшу мақоми онҳо дар ҷомеа бояд чораҳои мушаххас андешида шавад. барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ бо назардошти баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум дар маҳалҳо таҳия ва амалӣ мегарданд. зиёда аз 200 корхонаи нав ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ дар соҳаи саноат бунёд мешавад. ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ватанӣ ва паст намудани вобастагӣ аз маводи ғизоии воридотӣ афзалият дода хоҳад шуд. Такмили ислоҳоти соҳа, таъмини механизмҳои рақобатпазирии ширкатҳо ва хоҷагиҳо ва дар ин замина ба 70-80 фоиз расондани ҳиссаи маҳсулоти кишоварзии ватанӣ дар бозори дохилӣ. сиёсати интихоби кадрҳои роҳбарикунанда ва беҳтар гардонидани иҷрои вазифаҳои давлатӣ, масъалаҳои тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои касбии соҳаи идораи давлатии забондон ва аз технологияҳои муосир бархурдор бо роҳи татбиқи усулҳои нави интихобӣ, таъмини шаффофият, ба назар гирифтани касбият, таҷрибаи корӣ, масъулиятшиносӣ, поквиҷдониву садоқат, пайваста баланд бардоштани сатҳи омодасозии онҳо дар донишгоҳҳои дохиливу хориҷӣ ҷиддӣ ба роҳ монда шуда, нисбат ба ҳодисаҳои номатлуби манфиатҷӯӣ ва фасод фазои оштинопазир фароҳам оварда мешавад.Дар ин асно, Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки мо тарбияи шахсияти худогоҳу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ дар назди давлати соҳибистиқлол, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ба камол расондани мутахассисони варзидаеро, ки қобилияти дарки равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро дошта бошанд ва барои хизмати шоиста кардан ба нафъи Ватану миллат, аз ҷумлаи ҳадафҳои умда ва муҳим меҳисобем.Президенти феълӣ ва номзад ба мансаби президентӣ Эмомалӣ Раҳмон ваъда медиҳад, ки минбаъд низ ташаббусу ибтикороти ҷавонону занонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоӣ, нақшу мақоми мо дар ҷомеа, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ҳалли мушкилотамон тадбирҳои иловагӣ меандешем ва дар маҷмуъ кӯшиш менамоем, ки ба сатҳи шоистаи зиндагӣ ҳарчи бештар муваффақ гардем. Сиёсати пешгирифтаро дар самти рақобати солими ҳизбу ҳаракатҳо аз тариқи интихоботи озоду шаффоф ва демократӣ идома дода, ҳамкориро бо аҳзоби сиёсӣ барои ҳифзу таҳкими манфиатҳои умумимиллӣ тақвият мебахшем. Дуруст аст, ки бо кушодашавии нақби «Шаҳристон» ва «Хатлон» мамлакат аз бунбасти коммуникатсионии дохилӣ пурра раҳо ёфт. Мерасад рӯзе, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба ду ҳадафи стратегии дигар мерасад.Аз 15 нафар шахсони боэътимоди номзад ба мансаби президентӣ Эмомалӣ Раҳмон 2 нафарро ҷавонон ташкил мекунанд. Ин худ боварӣ ва эътиқод ба ваъдаи Роҳбари давлат аст, ки гуфта буд: мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи фаъолияти созандаи мо ҳастанд.Боиси ифтихор аст, ки имрӯз мо дар атрофи мафҳумҳои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ озодона ибрози андеша менамоем, ки ин далели ташаккули мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли созандаи кишварамон арзёбӣ мегардад.Ва бешубҳа, дар арафаи баргузории маъракаҳои муҳими сиёсӣ нафарони мушаххасе пайдо мешаванд, ки нуфузу арзиш ва шаҳомати барномаю шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро мехоҳанд зери суол баранд. Онҳоро метавон фаҳмид. Инро нишони заифӣ ва нотавонбинӣ метавон гуфт, зеро онҳо медонанд, ки намедонанд ва наметавонанд дар рақобати солим пирӯз шаванд. Нуктаи бебаҳс ҳам ин аст, ки дар ин сабқати муҳим Эмомалӣ Раҳмон рақиби арзандае надорад.Мо бояд ба чунин воқеият имрӯз, дар арафаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мардонавор иқрор шавем, ки обрӯ ва нуфузу эътибори Президенти феълии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи роҳбарони ҳизбҳои сиёсиву ҳаракатҳои дар кишвар фаъолияткунанда дар маҷмуъ боло меистад. Мардум ӯро дӯст медорад, эҳтиром мекунад, ба суханаш гӯш дода, сармашқи кору ҳаёти худ қарор медиҳад, зеро ӯ аз ин Ватан ифтихор дорад, онро соҳибӣ мекунад ва обод месозад. Ӯ ҳастии худро, ҷони худро барои ин миллат, Ватан ва давлат мебахшад!Аз ин рӯ, ман ба Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳам. Шумо чӣ?…Илҳомҷон ҲАМИДОВ,шахси боэътимоди номзад ба мансаби президентӣ аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






