Дар Красногорск шаҳрвандони ҶТ осеб надидаанд

Октябрь 7, 2013 10:50

Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Лутфия  Эшонқулова). – Кормандони  Намояндагии  Хадамоти  муҳоҷирати  назди  Ҳукумати ҶТ  дар  ФР  муқаррар  намуданд, ки  се  нафар  ҳалокшудагон  ва  ду  нафар   осебдидагон  бар  асари  сӯхтор  дар   ноҳияи  Красногорски  вилояти  Маскав   шаҳрвандони  Тоҷикистон  нестанд. 
 
Хотирнишон  месозем, ки   аз  ин  пеш  васоити  ахбори оммаи   Русия   хабар  дода буданд, ки  бар  асари   сӯхтор  дар хобгоҳҳои  бинокорони   ноҳияи  Красногорски  вилояти  Маскав  се  нафар   шаҳрвандони  Тоҷикистон  ҳалок  шудаанд. 
 
Мувофиқи  хабари  хадамоти   матбуоти Хадамоти  муҳоҷирати  ҶТ   дар  ФР,  5  октябр  муовини   Намояндагии  Хадамоти  муҳоҷирати  Тоҷикистон  Саид  Боев  аз  беморхонаи   марказии  ноҳияи Красногорск, ки   ду  нафар  осебдидагнон  дар  он  бистарӣ  шуда буданд,   дидор  намуд.  Зимни  сӯҳбат бо  хешовандони  осебдидагон  маълум  шуд, ки  ин  шахсони  ҳалокшудаю  зарардида   шаҳрвандони  Ӯзбекистон  будаанд. 

Октябрь 7, 2013 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш