Дастгирии Амрико ҷиҳати навсозии осорхонаҳо дар Тоҷикистон

Октябрь 30, 2013 09:50

Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Дар чорчӯбаи барномаи Хазинаи сафирони ИМА оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ (ХСҲМФ), Сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо мақсади тармиму таҷдиди осорхонаҳои таърихии шаҳри Ҳисор ва Конибодом ду лоиҳаро дастгирӣ хоҳад кард. Барномаи ХСҲМФ-и Сафорати Амрико ба нигаҳдории мероси беназир бахшида шудааст. Ташкилоти давлатии ҷумҳуриявии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» барқарорсозии осорхонаи Ҳисорро, ки бинои пештараи Мадрасаи Куҳна мебошад, амалӣ менамояд. Ёдрас мешавем, ки моҳи сентябри соли 2015 Ҳукумати Тоҷикистон 3000- солагии Ҳисорро таҷлил мекунад.

Октябрь 30, 2013 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш