Дидори «Истиқлол» ва «РегарТадАЗ» барои «Ҷоми Тоҷикистон-2013»

Октябрь 2, 2013 10:49

Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар» Фарзона Ашӯрмадова).- Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо дастаи «РегарТадАЗ»-и Турсунзода барои ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон-2013 дар даври ниҳоӣ бо ҳам рақобат мекунад.Тавре ки дар ин бора аз Федератсияи футболи кишвар хабар доданд, дидори ин ду дастаи лигаи олии кишвар рӯзи 5-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахт дар даври ниҳоии «Ҷоми Тоҷикистон-2013» баргузор мешавад.Ёдрас мешавем, ки шоми дирӯз, 1-уми октябр дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар дидори ҷавоби дастаи «Парвоз»и Б. Ғафуровро шикаст дод ва ба даври ниҳоӣ баромад. Дастаи «РегарТадАЗ»-и Турсунзода дар дидори ҷавобӣ дастаи «Вахш»-и Қурғонтеппаро шикаст дод ва барои соҳиб гаштан ба Ҷом роҳхат гирифт. Акнун ин ду даста барои «Ҷоми Тоҷикистон-2013» миёни ҳам рақобат хоҳанд кард.

Октябрь 2, 2013 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш