Дузди ноболиғ ба даст афтод

Октябрь 29, 2013 09:26

Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Аз ҷониби кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Истаравшан зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ бо гумони даст доштан ба дуздӣ ноболиғ Ҳасанов Суҳроб Рустамович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Истаравшан дастгир карда шуд. Дастгиршуда 16 октябри соли 2013 бо тариқи пинҳонӣ вориди ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Башорат Баротова, сокини шаҳри Истаравшан шуда, аз он ҷо 5500 сомонӣ, 4 адад телефони мобилии тамғаи «Нокия» ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро ба маблағи 10 ҳазору 900 сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Далелҳои шайъӣ гирифта шуда, нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Октябрь 29, 2013 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид