Фарогирии ҷавонон ба касбомӯзӣ

Октябрь 10, 2013 09:44

Шӯрообод, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Ба гуфти сардори шуъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ,  шуғли аҳолӣ  ва муҳоҷирати ноҳияи  Шӯрообод Умаралӣ Ризоев  дар  ноҳия  бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ  аз ҳисоби  ташкили хочагиҳои деҳқонӣ  ва ҷалби шаҳрвандон  ба корҳои мавсимӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ  984  ҷой ташкил шудааст, ки ин раванд   ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолии ноҳия мусоидат  менамояд. Дар ноҳия 8 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кор ва вазифаҳои озод  гузаронида шуда, дар натиҷа  95 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид. Барои таъмини аҳолӣ  бо ҷои кор  таъсиси курсҳои тайёрӣ  ва бозомӯзии касбӣ  ба ҳукми анъана даромада,  бо ин мақсад  дар ноҳия 307  нафар шаҳрванди  ҷамоатҳои  деҳоти Шӯрообод, Саричашма ва Даштиҷум ба омӯзиши касбҳои дӯзандагӣ, занбӯрпарварӣ, пойафзолдӯзӣ фаро гирифта  шуда,6 нафар  ҷавон  ба шаҳри Душанбе ва 6 нафар  ба шаҳри Кӯлоб  аз рӯи ихтисосҳои  асосҳои омӯзиши компютер ва таъмири мошинҳои  сабукрав роҳхат гирифтанд. 

Октябрь 10, 2013 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш