Фарогирии ҷавонон ба касбомӯзӣ
Шӯрообод, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Ба гуфти сардори шуъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Шӯрообод Умаралӣ Ризоев дар ноҳия бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз ҳисоби ташкили хочагиҳои деҳқонӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба корҳои мавсимӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ 984 ҷой ташкил шудааст, ки ин раванд ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолии ноҳия мусоидат менамояд. Дар ноҳия 8 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кор ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, дар натиҷа 95 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид. Барои таъмини аҳолӣ бо ҷои кор таъсиси курсҳои тайёрӣ ва бозомӯзии касбӣ ба ҳукми анъана даромада, бо ин мақсад дар ноҳия 307 нафар шаҳрванди ҷамоатҳои деҳоти Шӯрообод, Саричашма ва Даштиҷум ба омӯзиши касбҳои дӯзандагӣ, занбӯрпарварӣ, пойафзолдӯзӣ фаро гирифта шуда,6 нафар ҷавон ба шаҳри Душанбе ва 6 нафар ба шаҳри Кӯлоб аз рӯи ихтисосҳои асосҳои омӯзиши компютер ва таъмири мошинҳои сабукрав роҳхат гирифтанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






