Ифтитоҳи беморхона дар ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ
Душанбе, 28 октябр (АМИТ «Ховар»).- Дар ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон беморхонаи деҳотиро мавриди истифода қарор дод, ки дорои 40 кати хоб аст.Тавре зикр гардид, ин беморхона, ки дар майдони 1 га ҷойгир шудааст, бо харҷи 5 миллион сомонӣ маблағҳои Вазорати тандурустии кишвар сохта ва бо таҷҳизоти замони муосир муҷаҳҳаз гардидааст.Чунонки аён гардид, беморхона дорои шуъбаҳои физиотерапия, бемориҳои дарунӣ, кӯдакона, таваллудхона ва озмоишгоҳ мебошад. Дар шуъбаҳои мазкур дастгоҳҳои муосири гаронарзиш, аз қабили дастгоҳҳои ташхиси фаросавтӣ, нафасдиҳии сунъӣ, кардиограммаи барқӣ, бормошини дандонпизишкӣ ва ғайра насб гардидаанд. Беморхона, ҳамчунин дорои дастгоҳи рентгени сайёр мебошад.Ин беморхона барои хизматрасонӣ ба 60 ҳазор аҳолии ҷамоатҳои деҳоти Миралӣ Маҳмадалиев ва Гулистони ноҳияи Восеъ пешбинӣ шудааст. Дар ин беморхона 50 нафар табибону дигар кормандон ба мардум хизмат мерасонанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин беморхонаи навбунёд 2 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ҳадя намуд.Мардуми деҳоти ин ҷамоатҳо аз ифтитоҳи ин беморхона басо хушҳол гардида, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои чунин ғамхорӣ арзи сипос карданд, зеро то ин вақт аҳолии ин деҳот, хусусан хонаводаҳои ниёзманд аз норасоии хизматрасонии тиббӣ танқисӣ мекашиданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






